Language

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Сокинони Осиёи Марказӣ дар зиндагии рӯзмарраи худ бо гузашти ҳар рӯз ҳар чи бештар бо иттилои бардурӯғ ва ривоятҳои ҷудоихоҳонае рӯ ба рӯ мешаванд, ки аз ҷониби бозигарони дохиливу хориҷӣ паҳн мегарданд. Ҳамзамон дар ҳамин марҳила ҳавасмандӣ ба тақвияти худшиносии миллӣ ва истиқлоли кишварҳо меафзояд. Ҷомеа, давлат ва расонаҳо ба фазои солимтар ва устувортари иттилоотӣ ниёз доранд ва метавонанд, ки дар ин самт дар якҷоягӣ амал кунанд.

Лоиҳаи CAIIA, ки аз ҷониби Internews ва шарикон, аз ҷумла Zinc Network амалӣ мешавад, барои чунин кори якҷоя имкон фароҳам хоҳад овард. Лоиҳа ба расонаҳо ва шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон кумак мерасонад, ки иттилои бардурӯғро беҳтару хубтар шиносоӣ кунанд.

CAIIA ба расонаҳои мустақили маҳаллӣ кумак мерасонад, то ин ки онҳо дар навбати худ тавонанд, ба таври фаврӣ ба талабот ва ниёзҳои аудитория вокуниш кунанд. Лоиҳа ҳамчунин барои пешбурди сиёсати иттилоотӣ, стратегия ва тадбирҳои ҳуқуқии дигаре бо ҳукуматҳо ва ниҳодҳои ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, ки барои тақвияти фазои иттилоотии якпорча ва ботавозун шароит фароҳам меоранд.

ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲО

Барномаи CAIIA, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, талошҳои сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти тақвияти фазои иттилоотии ягона ва ботавозун ва тавонмандии ҷомеаро дар баробари дурӯғпароканӣ тариқи вазифаҳои зерин пуштибонӣ мекунад:

ВАЗИФАИ НАХУСТ

Муҳтавои зиёду гуногунранг ва босифат ва муқобила бо дурӯғпароканӣ дастрасӣ ба иттилои муҳимтарро барои сокинони минтақа осон мегардонад ва сокинон метавонанд, ҳамчун афроди огоҳ, чунин иттилоъро самараноктар истифода кунанд.

ВАЗИФАИ ДУВВУМ

Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи ҳодисаҳои дохиливу байналхалқӣ, ки барои аудиторияи маҳаллӣ муҳим ҳастанд ва якпорчагии кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият мебахшанд, матолиби ботавозун, холис ва бо факту далелҳо асосёфта таҳия кунанд.

ВАЗИФАИ СЕЮМ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати иттилоотӣ, стратегия ва тадбирҳои ҳуқуқиеро тақвият мебахшанд, ки ба устуворсозии якпорчагии иттилоотии минтақа равона шудаанд.

НАТИҶАҲОИ КАЛИДИИ ПЕШБИНИШУДА

Сохтани пойгоҳи иттилоотии донишҳо, расонаҳо ва дурӯғпароканӣ дар Осиёи Марказӣ: CAIIA харитаи маҳаллии фазои дурӯғпароканиро тартиб медиҳад; дарки аудиторияи маҳаллӣ ва таҷрибаи онро оид ба истеъмоли муҳтаво ва осебпазир будан аз дурӯғпароканиро тартиб медиҳад; инчунин роҳҳои рушди барномаҳои омӯзишӣ ва муҳтаворо бо забонҳои маҳаллӣ муайян месозад. Ин талошҳо дар ниҳоят ба таъсиси фазои расонаие мусодат хоҳанд кард, ки дар он талаботи аудитория беҳтару хубтар қонеъ гардонида мешавад.

Мусоидат дар истеҳсоли муҳтавои маҳаллӣ, инъикос ва омӯзиш барои таъсиси гузинаи беҳтаре дар муқобили дурӯғпароканӣ: сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш ҳавасманди дарёфти муҳтавое ҳастанд, ки аз ҷониби ҳамватанонашон ва бо забони худашон таҳия шуда бошад. Барои забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, узбекӣ ва забонҳои дигари ақалиятҳову ҷамъиятҳои минтақа CAIIA коршиносонеро ҷалб месозад, ки чигунагии рушди ин забонҳоро дар фазои муосири рақамӣ таҳлил хоҳанд кард. Лоиҳа аз навҷӯёну навовароне ҳимоят мекунад, ки бо забонҳои миллӣ кор мекунанд, мураббиёнро омӯзиш медиҳанд ва барои муттаҳидшавии соҳибкасбони расонаӣ ва коршиносон фазои солими гуфтугӯиеро фароҳам меоранд, ки дар он ояндаи забонҳои миллӣ ва ояндаи муҳтавои истеҳсол ва истеъмолшаванда баҳсу баррасӣ карда шавад.

Мусоидат дар паҳнсозии муҳтавои гуногунранг бо ҳадафи фарогирии аудиторияи бештар бо иттилои муътамад ва дорои аҳамият: барои тақвияти кор бо аудитория ва рекламадиҳандагон расонаҳо бояд қолабҳо ва стандартҳои нави рӯзноманигориро роҳандозӣ кунанд, мавзуҳоеро инъикос кунанд, ки ба таври бояду шояд инъикос намешаванд ва имкониятҳояшонро барои нашри муҳтавои босифат густариш диҳанд. CAIIA тавассути мастер-классҳо, давраҳои омӯзишӣ ва барномаҳои менторӣ дар ин самтҳо кор мекунад. Чунин тадбирҳо ба рӯзноманигорони минтақа кумак мерасонанд, ки барои амалисозии тарҳҳои муштарак робитаҳои корӣ пайдо созанд ва афроди эҷодкори кишварҳои мухталифро гирди ҳам оранд.

Мусоидат дар равнақи озодии баён ва расонаҳо; кам кардани таъсири дурӯғпароканӣ дар сатҳи низом: ба туфайли ҳамкории лоиҳа бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатии минтақа, CAIIA бо ҳадафи ҷалби бештари шаҳрвандон ба раванди ислоҳот, дар беҳсозии ҳамкории мутақобили расонаҳо ва ҷомеа бо қонунгузорон мусоидат мекунад. Бо такя ба барномаҳои пешин ва муносибатҳои кории барқарошуда, лоиҳа аз созмонҳое пуштибонӣ мекунад, ки дар бахши ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ кор мекунанд. CAIIA ҳамчунин аз талоши кишварҳо барои сохтани стратегияҳои миллие ҳимоят мекунад, ки ба боло бурдани саводи расонаии аҳолӣ ва муқобила бо дурӯғпароканӣ равона шудаанд. USAID.

Share This Page