Language

Варақаи матбуотӣ

21-10-2023

Эъломия Матбуотӣ

Бо мақсади баргузор намудани якумин Конфронси вазирон оид ба робитаҳои минтақавӣ дар шакли С5+1, тавсеаи робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тасдиқи тарафдории Ҳукумати ИМА аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва пешрафти минтақа маъмури Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Саманта Пауэр аз 23 то 24 октябр аз Узбекистон дидан мекунад.

Аз соли 2015 то инҷониб С5+1 ба сифати платформаи дипломатии асосии Ҳукумати ИМА барои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон хизмат мекунад.  Вохӯрии вазирон оид ба масъалаҳои рушд барои таҳкими платформаи мазкур равона карда шуда, вазирони ҳамаи панҷ кишварҳои минтақаро барои қабули тадбирҳои мушаххас оид ба ҳавасмандсозии рушди иқтисодии фарогир ва устувор дар Осиёи Марказӣ муттаҳид месозад.  Таваҷҷӯҳи асосии ин платформа ба робитаҳои минтақавӣ ва соҳибихтиёрӣ, савдо, рушди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, роҳҳалҳои иқлимӣ ва энергетикӣ ва инчунин имкониятҳо барои ҷавонон дода мешавад.

Administrator Power Travels to Central Asia - October 2023

Image

Body
Administrator Samantha Power will travel to Uzbekistan from October 23th - 24th to deepen ties with Central Asian countries and emphasize the U.S. government’s commitment to the independence, sovereignty, and prosperity of the region.

Share This Page