Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
30 августи соли 2023, Душанбе, Тоҷикистон – Муовини ёвари мудири USAID оид ба минтақаи Осиё Анҷали Каур бо мақсади тақвияти шарикии ИМА ва Тоҷикистон ва тасдиқи ҷонибдории Ҳукумати ИМА аз рушди фарогири иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсиси ҷомеаҳои устувор ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар давоми сафари серӯзаи худ, ки аз 30 август то 1 сентябр сурат мегирад, хонум Каур ба минтақаи татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби USAID дастгиришаванда дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ташриф меорад. Хонум Каур бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикон мулоқот карда, ҳамчунин бо фаъолияти USAID дар бахшҳои тағйирёбии иқлим, обтаъминкунӣ, амнияти озуқаворӣ, баробарии гендерӣ, саломатии модар ва бемории сил дар Тоҷикистон шиносоӣ пайдо мекунад. Барои маълумоти муфассал оид ба сафари хонум Каур саҳифаи фейсбукии Намояндагии USAID дар Тоҷикистонро пайгирӣ кунед.