Language

2020 - 2025 | Кемоникс Интенгешнл, Инк. | $24,794,232

МУХТАСАР

Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” иқтидори Вазорати маориф ва илми (ВМваИ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳия ва татбиқи сиёсат ва барномаҳои ҳамоҳангшудаи таҳсилоти ибтидоӣ, аз ҷумла таҳкими система ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дастгирӣ хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур бевосита ба ноил шудан ба ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф (дар солҳои 2021-2030), аз ҷумла: касбияти таълими омӯзгорон, таҳия ва татбиқи тадбирҳои таъмини сифат ва омодасозии салоҳият, инчунин истифодаи маълумоти дахлдор барои иттилооти сиёсат ва барномаҳо, мусоидат хоҳад кард. Ин шарикӣ, аз ҷумла дар бахши хусусӣ, калиди беҳбудии системаи таҳсилоти ибтидоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

ҲАДАФҲО 

Мақсади асосии Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” такмил додани малакаҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бо таваҷҷӯҳ ба беҳтар кардани фаҳмиши хониш, тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои риёзӣ мебошад. Тибқи нақша дар 80 фисади муассисаҳои таълимии умумии ибтидоӣ ба забони таълимашон тоҷикӣ ва русӣ барои беҳтар намудани натиҷаҳои таълими хонандагон дар назар аст. Лоиҳаи панҷсола аз усули омӯзиши далелҳо барои беҳтар кардани натиҷаҳои саводнокӣ ва ҳисобдорӣ истифода карда, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ маводҳои таълимӣ, роҳбаладӣ ва тренерӣ таъмин хоҳад кард. Хонандагон бо маводи иловагии хониш ва риёзӣ таъмин карда мешаванд, то таълими онҳо дар ташаккули луғатҳои академӣ ва пурмазмун, инчунин малакаҳои ҳисобкунӣ, такмил ёбад. 

НАТИҶАҲОИ НОИЛШУДА: 

Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” 25 июли соли 2022 бо ВМваИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум имзо карда, рӯйхати 3115 муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумиро мавриди ҳадафро барои дастгирӣ дар саросари кишвар тасдиқ кард. Дар зер натиҷаҳои муҳими то ҳол ноилшуда дар доираи лоиҳа:

  • Дар 286 мактаб “Арзёбии хониши синфҳои ибтидоӣ” (АХСИ), “Арзёбии математикаи синфҳои иботидоӣ” (АМСИ), “Омӯзиши иҷтимоӣ - эҳсосотӣ” (ОИЭ) ва “Шарҳи самаранокии идоракунии муассисаи таълимӣ” (ШСИМТ) гузаронида шуд.
  • Тасдиқи стандартҳо ва силлабусҳо аз рӯи ҳамаи фанҳои асосӣ таҳияшуда, инчунин нақшаҳои таълимии пешакии методикаи таълими математика, забони тоҷикӣ, педагогика ва психология аз ҷониби ВМваИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
  • Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (ДҶТИБКСМ) барномаи таҷрибавии такмили ихтисоси омӯзгонро дар 400 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар оғоз намуд. Барои татбиқи ин барномаи озмоишӣ Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” 249 тренер дар сатҳи Марказҳои методии минтақавӣ (МММ) омода намуд. Дар натиҷа, 3604 омӯзгор малакаҳои банақшагирии дарсҳои худро такмил дода, шаклҳои омӯзиши хонандагонро таҳия карда, донишу малакаҳоро барои ҳар як салоҳият ва фаъолиятҳои гуногунро барои қонеъ гароднидани ниёзҳои хонандагон дар раванди таълим, муайян намуданд.
  • Шӯрои илмии ДҶТИБКСМ маҷмӯаи таълимии омӯзгоронро, ки Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” таҳия кард, баррасӣ ва тасдиқ намуд, ки он аз (1) василаи таълимӣ барои омӯзгорон; (2) китоби корӣ барои омӯзгорон ва (3) дастур барои тренерон, иборат аст.
  • 140 корти саводнокӣ ба забони тоҷикӣ ва 52 адад ба забони русӣ, инчунин 140 адад варақаи ҳисоббарорӣ таҳия шуд.
  • 20 номгӯи гуногуни китобҳои машҳур (12 номгӯй ба забони тоҷикӣ ва 8 номгӯй ба забони русӣ) таҳия шуда, 10 номгӯй бо ҳуруфи брайлӣ ва калон ҳаҷм чоп шудааст.
  • Таҳияи замимаи мобилӣ барои хонандагони синфҳои 3-4 бо 50 ҳикояи “Гулчин аз адабиёти бачагона”, ки аз ҷониби USAID таҳия шудааст ва 10 бозии ҷолиби таълимӣ, ки ба меъёрҳои фанҳои ибтидоӣ дар Тоҷикистон мувофиқанд

 

Share This Page