2019 - 2027 | Филиал “Фемили Хелс Интернешнл” (ФХИ360) | $1,200,000
ПЕШГУФТОР
Лоиҳаи “Дастоварди мақсадҳо ва идомаи чораҳои назорати эпидемия (EpiC)” - ташаббуси ҳаштсолаи ҷаҳонӣ (2019-2027) буда, аз ҷониби PEPFAR (Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба рафъи БПНМ) ва USAID (Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа бо мақсади назорати эпидемияи ВНМО байни аҳолии калидӣ ва афзалиятнок, инчунин қавӣ гардонидани бехатарии умумиҷаҳонии тундурустӣ, кӯмаки техникии стратегӣ ва хидматҳои мустақим мерасонад.
ҲАДАФҲО
ҲАДАФИ ЯКУМ - ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО)
Мусоидат ба идораи мустақилонаи барномаҳои миллии ВНМО тавассути беҳтар намудани дарёфти ҳолатҳои ВНМО, пешгирӣ, табобат ва паст намудани сарбории вирусӣ дар байни аҳолии калидӣ ва афзалиятнок. Ҷиҳати ҷорӣ кардани навоварӣ ва васеъгардонии хидматрасониҳои ба далелҳо асосёфта дар самти ВНМО то ба сатҳи бесобиқаи миқёсӣ, фарогирӣ, сифат, самаранокӣ ва таъсирбахшӣ Лоиҳаи EpiC бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дигар шарикони татбиқкунандаи PEPFAR ва бахши хусусӣ шарикӣ карда, ҳамзамон иқтидори онҳоро тақвият медиҳад.
ҲАДАФИ ДУЮМ - БЕХАТАРИИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Фаъолиятҳои Лоиҳаи EpiC ҷиҳати тақвият бахшидан ба системаи тандурустӣ бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани пайдоиш ва шиддатнокии афзояндаи эпидемия, пандемия ва дигар бемориҳои сироятии пайдошаванда роҳандозӣ мешаванд. Барномасозиҳои мо дар мувофиқа бо афзалиятҳои бехатарии умумиҷаҳонии тандурустӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва ҳадафҳои USAID таҳия шудааст.
НАТИҶАҲОИ АСОСӢ
ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ
Мӯҳлати лоиҳа: октябри 2020 – декабри 2025
Дастовардҳо дар соли 2023:
- Мусоидат дар фарогирии 4 877 нафар аз гурӯҳҳои калидӣ ва аҳолии умумии минтақаҳои мақсаднок бо ташхиси фаврии ВНМО, аз ҷумла 1 505 зан (31%) ва 3 372 мард (69%);
- Аз ҳамаи ҳолатҳои нави ВНМО - 37% дарёфт дар минтақаҳои мақсадноки PEPFAR (273 аз 732);
- Мусоидат дар оғози табобати зиддиретровирусӣ барои 49% шахсони бо ВНМО зиндагикунандаи навдарёфтшуда дар минтақаҳои мақсадноки PEPFAR (310 аз 627);
- Дастгирии 381 нафари бо ВНМО зиндагикунанда ҷиҳати риояи реҷаи муолиҷа, ки боиси пастшавии сарбории вирусӣ гардид;
- Оғози фаъолияти аввалин дар Осиёи Марказӣ Маркази саломатии ҷомеа дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 ҷиҳати пешниҳоди хидматҳои дастраси тиббӣ ба ҷомеаи маҳаллӣ, ки дар як моҳ ҳудуди 120 нафар ба он ташриф меоранд;
- Мусоидат ба созмони ҷамъиятии “Марворид” дар гирифтани маблағгузории давлатӣ дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои соли 2023 (илова бар ташкилоти ҷамъиятии “СПИН Плюс”);
- Пешбарии ташаббусҳо ҷиҳати коҳиш додани тамғагузорӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти шахсони бо ВНМО зиндагкунанда тавассути фаъолиятҳои гуногун ва Форуми сатҳи баланд, ки муколамаро байни шарикони давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони бо ВНМО зиндагкунанда ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҳимояи баробарӣ ва рафъи табъизи марбут ба ВНМО оғоз карданд.
БУҶЕТИ ЛОИҲА БАРОИ СОЛИ 2024: 1,667,196 доллари ИМА
БЕХАТАРИИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Давомнокии лоиҳа: сентябри 2023 - сентябри 2024
Пешгирӣ ва назорати сироятҳо (ПНС)
- Таҳияи нақшаи мушаххаси татбиқи дастури нави миллии ПНС барои 50 муассисаи тиббии интихобшуда аз 25 шаҳру ноҳия дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ;
- Гузаронидани арзёбии ПНС дар 50 муассисаи тиббӣ дар 25 шаҳру ноҳия ҷиҳати баҳогузории вазъи кунунии муассисаҳо оид ба ПНС, яъне фаъолиятҳои/захираҳои мавҷудаи ПНС ва муайян кардани ҷиҳатҳои қавӣ ва камбудиҳо;
- Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба ПНС барои 300 нафар корманди соҳаи тиб;
- Таҳияи барномаи менторӣ оид ба ПНС ва гузаронидани омӯзишҳои менторӣ барои кормандони тиб дар муассисаҳои тиббӣ;
- Таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва коммуникатсионӣ оид ба ПНС, ки ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) мувофиқанд;
- Саҳм гузоштан ба фарҳанги бехатарӣ тавассути таҳия ва паҳн кардани филми кӯтоҳ дар бораи ПНС;
- Таъсиси маркази таълимӣ ҷиҳати пурзӯр намудани экспертизаи эпидемиологӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ, ки бо таҷҳизоти иттилоотӣ ва тиббӣ барои машғулиятҳои амалӣ, инчунин маводи таълимӣ, муҷаҳҳаз шудааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тиб
- Гузаронидани омӯзиши тренерон барои 120 нафар эпидемиолог, лаборант ва мутахассисони бемориҳои сироятӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оид ба масъалаҳои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда;
- Гузаронидани баҳогузории омодагии муассисаҳои тиббӣ ба вокуниш нисбати ҳолатҳои фавқулоддаи марбут ба бемориҳои сироятӣ;
- Таҳия, баррасӣ ва навсозии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ;
- Расонидани ёрии техникӣ ба Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ барои мониторинги минтақаҳои ҳангоми хуруҷи бемориҳои сироятӣ зарардида.
БУҶЕТИ ЛОИҲА БАРОИ СОЛИ 2024: 1,200,000 доллари ИМА
ИҶРОКУНАНДА: Филиал “Фемили Хелс Интернешнл” (ФХИ360), EpiC Тоҷикистон