Language

2022 - 2027 | Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ | $3,500,000

МАЪЛУМЛТИ УМУМӢ

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии содироти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки қариб 10% аҳолии он берун аз кишвар фаъолият мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дар хориҷа будан, ба хатарҳо дучор мешаванд, аз ҷумла савдои одамон. Вақтҳои охир савдои одамон дар дохили кишвар низ мушкилоти афзоянда ба шумор меравад. Лоиҳаи "Муҳоҷирати Бехатар ва Мубориза бо Савдои Одамон" (МБ&МБСО) лоиҳаи панҷсола буда, ҳадафи он коҳиш додани сатҳи савдои одамон дар байни шахсони осебпазир, ҷомеаҳо ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ дар Тоҷикистон тавассути мусоидати муҳоҷирати бехатар ва густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳо, бо назардошти ҳолат, , синну сол, ҷанбаҳои гендерӣ ва фарҳангии шахсони зарардида мебошад.

ҲАДАФИ ЯКУМ: ПЕШГИРӢ

Муҳоҷирони эҳтимолӣ дар асоси маълумоти дақиқ ва боэътимод қарорҳои бехатар ва огооҳнаро оиди муҳоҷират қабул мекунанд. Лоиҳа осебпазирии муҳоҷирони меҳнатиро, ки ба хориҷа сафар мекунанд ва ба хавфи савдои одамон дучор мешаванд, коҳиш медиҳад.

ҲАДАФИ ДУЮМ: МУҲОФИЗАТ

Масъулони маҳаллии системаи ҳифзи ҷабрдидагон савдои одамон тавонмандии беҳтареро намоиш медиҳанд. Лоиҳа усули таҳкими низомиро истифода бурда, муайянкунии қурбониёни савдои одамон ва дастрасии онҳоро ба хизматрасониҳои мувофиқ бехтар мегардонад.

ҲАДАФИ СЕЮМ: ШАРИКӢ, ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ

Субъектҳои МБСО дар Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ беҳбуди ҳамкориро бо мақсади таҳияи механизмҳои устувори дастгирии қурбониён ва пешгирии савдои одамон нишон медиҳанд. Лоиҳа ба самти таҳия ва татбиқи чораҳои вокуниши умумидавлатӣ/ҷамъиятӣ тавассути такмил додани стратегияҳои ҳамкорӣ барои кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин мушкилӣ равона шудааст.

ДАСТОВАРДҲОИ АСОСӢ

  • Зарфияти ҷонибҳои манфиатбар такмил дода шуд. Дар маҷмӯъ 513 нафар, (69 фоиз мардон ва 31 фоиз занон) оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва кӯмак ба қурбониёни савдои одамон омӯзонда шуданд. 
  • Вусъат додани огоҳӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар ва пешгирии савдои одамон: Дар доираи маъракаи “16 рӯзи фаъолият алайҳи хушунати гендерӣ”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, 800 нафар иштирокчиён сатҳи дониши худро дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати гендерӣ ва канорагирӣ аз хавфӣои савдои одамон, махсусан байни занону кӯдакон, густариш доданд. 
  • Телефони боварӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ба роҳ монда шуд: дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало», бо операторони таълимдида телефони боварӣ таъсис дода шуд, то ки тамосгирандагон оид ба муҳоҷирати бехатар ва ҷилавгирӣ аз савдои одамон маълумоту машварат гиранд. 
  • Бурсҳо барои шарикон, аз ҷумлаи ҷомеаи щаҳрвандӣ: бурсҳо (барои озуқаворӣ ва таҷҳизот) ба 68 баҳрабардорон, аз ҷумла наҷотёфтагони савдои одамон, муҳоҷирони осебпазир ва баргаштагон дода шуданд. Чунин кӯмакҳо тавассути бурсҳои иловагии маҳаллии Лоиҳа дар Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ расонида шуданд. 0u]
  • Дарки ҷанбаҳои гендерии муҳоҷират дар ҷомеа беҳтар гардид. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо ширкати “Азия Плюс” назарсанҷии хиёбонии гендер ва муҳоҷиратро дар кучаҳои шаҳри Душанбе гузаронд. Натиҷаҳои назарсанҷӣ тавассути платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, YouTube, Instagram, TikTok) паҳн карда шудандваба 70 000 нафар дастрас шуданд. Ташаббуси мазкур огоҳиро ро дар бораи динамикаи гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ ва ниёзу эҳтиёҷоти занони муҳоҷир баланд бардошт.https://fb.watch/rdro-XzYr7/?mibextid=rS40aB7S9Ucbxw6v and https://fb.watch/rdr8zb9buB/)

БУҶАИ ЛОИҲА: 3,500,000 Доллари ИМА

ДАВОМНОКИИ ЛОИҲА: 1 октябри 2022 то 30 сентябри 2027

ТАШКИЛОТИ ТАТБИҚКУНАНДА: Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ

Share This Page