Language

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ (FGI) ба фаъолияти пурсамари иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади қувваи кории афзояндаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

ҚИСМАТҲОИ ФАЪОЛИЯТ:

  1. Рушди корхонаҳо – Пешбурди соҳаҳои рақобатпазир тавассути фарогирии бозорҳои нави мақсаднок (минтақавӣ ё ҷаҳонӣ) бо мақсади афзоиши савдо ва содирот ва ҳангоми ин ҷалби сармоягузории маҳаллӣ ва байналмилалӣ.
  2. Таъсиси ҷойҳои корӣ – Рушди соҳибкорӣ ва қувваи кории қобилиятнок тавассути гузаронидани омӯзишҳои мақсаднок барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ё беҳтар кардани ҷойҳои кории мавҷуда.
  3. Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ – Фароҳам овардани шароит барои ҷойҳои корӣ ва сармоягузорӣ тариқи муколамаҳои байни ҳукумат ва бахши хусусӣ, таҳлил ва татбиқи стандартҳои ҷаҳонӣ дастгирӣ намудани тағйироти сиёсат дар ин соҳа.

КОМЁБИҲО ТО ИМРӮЗ:

  •  Дар давоми сеюним сол аз оғози лоиҳа беш аз 1800 соҳибкорони маҳаллӣ аз Тоҷикистон дар омӯзишҳои онлайн ва воқеӣ баргузоршуда ширкат карданд, то малакаҳоеро, ки ба рушди иқтисодии минтақа мусоидат мекунанд, аз худ кунанд. Тренингҳо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, аз ширкатҳои Mastercard, UPS, PayPal ва Институти тиҷорати электронӣ гузаронида шуданд.
  •  Беш аз 500 нафар ҷавонон курсҳои касбии IT-ро дар забонҳои маъмулии барномасозӣ (яъне Golang, PHP, Python, Android, Java Script ва ғайра) хатм кардаанд. Зиёда аз 227 нафар хатмкунандагон ҷои кории нав пайдо карданд ва ё дар зинаҳои касбу корӣ пеш рафтанд.
  •  Бо дастгирии USAID FGI, ширкатҳои маҳаллӣ беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва маблағгузории дохилию хориҷӣ ҷамъ оварданд, ки ба васеъшавӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот ва таъсиси беш аз 820 ҷойҳои нави корӣ (46% занон) ва 2655 ҷойҳои кории беҳтаршуда мусоидат кард.
  •  USAID/FGI ба зиёда аз 50 тиҷорати хусусӣ дар ҷорӣ намудани таҷриба ва стандартҳои беҳтарини байналмилалӣ дар соҳаи менеҷмент, маркетинг ва фаъолияти амалиётӣ кӯмак кард, ки ин дар натиҷа ба афзоиши ҳаҷми фурӯш, беҳтар шудани самаранокии истеҳсолот ва шароити меҳнат барои зиёда аз 650 нафар коргарони онҳо мусоидат намуд.
  • Бо дастгирии мушовирони USAID/FGI, ширкати Фаровон технологияҳои ғанигардонии ордро ҷорӣ намуд, аз аудити Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) гузашт ва ба рӯйхати таъминкунандагони расмии WFP дохил гардид. То имрӯз ин ширкат се тендерҳои барои таъмин намудани 11 000 тонна орди ғанӣ карда шуда ба Афғонистон пирӯз шудааст, ки 6 000 тоннаи он аллакай расонида шудааст.
  • Дар ҳамкорӣ бо USAID/FGI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна ва ширкати Вавилон-Т якҷоя платформаи тиҷорати электрониро таҳия ва васеъ карданд, ки ба он зиёда аз 7000 тоҷирон, 8 муассисаи логистикӣ, 6 муассисаи молиявӣ ва зиёда аз 40 онлайн платформаҳоро пайваст карданд.
  • Бо кӯмаки USAID/FGI ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ ҳафт хатсайри нави сайёҳӣ таҳия намуданд, лагерҳои тобистона ташкил карданд, номгӯи хизматрасониҳояшонро васеъ намуданд, омӯзишҳо ва мастер-классҳоро оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, гастротуризм ва агротуризм ва ғайра барои зиёда аз 500 нафар одамоне, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонӣ хизматрасонии сайёҳӣ мерасонанд, гузарониданд.
  • USAID/FGI рушди экосистемаи стартапҳоро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва ҷалби бештари занон ва ҷавононро ба соҳибкорӣ ташвиқ менамояд. Беш аз 100 нафар занон дар барномаи акселератсияи тиҷорат иштирок карданд, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ташкил карда шуда буд ва дар натиҷаи он 21 тиҷорати нав таъсис ёфт.

МӮҲЛАТИ ИҶРОИШ: Октябри соли 2019 – сентябри соли 2024

Share This Page