Language

Варақаи матбуотӣ

13-08-2023

Эъломия Матбуотӣ

Ноҳияи Мурғоб, ВМКБ, 16-уми августи 2023 – USAID ва ширкати  «Помир Энерҷӣ» (ШПЭ)  барои таъмини манотиқи дурдасти кишвар бо энергияи устувор ҳамкорӣ мекунад ва ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти диверсификатсияи иқтидори худ оид ба тавлиди энергияи барқароршаванда (ТЭБ) дастгирӣ мекунад. Дар тӯли даҳсолаҳо ҷамоатҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон  бидуни дастрасӣ ба нерӯи барқи боэътимод, дастрас ва бехатар ҳаёт ба сар мебаранд.

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷамоатҳо дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр дар муҳити хеле сарду биёбонӣ зиндагӣ мекунанд. Бо сабаби аз марказ дур буданаш ноҳияи Мурғоб ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пайваст нест. USAID бо ширкати «Помир Энерҷӣ» барои баланд бардоштани сифати зиндагии сокинони ноҳияи Мурғоб тавассути таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои устувор ва боэътимоди энергия, баланд бардоштани иқтидори нерӯгоҳи барқи офтобӣ (НБО), ки қаблан аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда буд, аз 200 кВт то 800 кВт, бо системаи батареяи дорои иқтидори 1,2 МВт/соат ҳамкорӣ мекунад.

Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб дастрасии шаҳраки Мурғобро ба барқи устувор  ​​таъмин мекунад, ки ин ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақа ва умуман ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи дастгирии USAID ва таҷрибаҳое, ки аз натиҷаи  бунёди нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб ба даст омаданд, тими ШПЭ малака ва қобилияти заруриро барои сохтмони нерӯгоҳҳои шабеҳи тавассути манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолияткунанда касб карда, ба ин васила имкониятҳои Тоҷикистонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ дар соҳаи энергияи тоза афзоиш дод.

Дар маросими ифтитоҳи он мансабдорони воломақоми Ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати ИМА, USAID/Тоҷикистон ва ШПЭ ширкат доштанд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар маросими ифтитоҳи НБО қайд намуд: “Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб аз он шаҳодат медиҳад, ки чӣ гуна ҳукумати давлатҳо, шарикони байналмилалии кишварҳо ва бахши хусусӣ метавонанд захираҳои муштараки худро дар ҳалли баъзе аз мушкилоти бузургтарини минтақа равона кунанд.”

Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, нахустин лоиҳаи саноатии чунин миқёс дар кишвар ва намунаи муваффақест, ки метавонад аз ҷониби ширкатҳои энергетикӣ ва ташкилотҳои донорӣ дар дигар соҳаҳо васеъ истифода шавад.

—–

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад.  Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи сафорати Амрико дар Душанбе https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ дидан намоед.

Ширкати «Помир Энерҷӣ» соли 2002 ҳамчун шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҳадафи рафъи камбудии барқ ​​дар ВМКБ таъсис ёфтааст. Дар давоми ду даҳсолаи охир ШПЭ бо шарикон, аз ҷумла Ҳукумати ИМА, барои беҳтар кардани таъминоти нерӯи барқ ​​дар минтақа кор кардааст. Ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули ШПЭ аллакай 98 фоизи ВМКБ  ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо намуда, 2 фоизи бокимонда, ки дар навоҳии дурдаст воқеъ аст, то соли 2025 тавассути ҳалли мустақили инфиродӣ бо қувваи барқ таъмин хоҳад шуд.

Image
Ҳукумати Амрико ва ширкати «Помир Энерҷӣ» деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин мекунанд
Share This Page