For Immediate Release

Office of Press Relations
press@usaid.gov

Press Release

Санаи 24 октябр дар шаҳри Самарқанд, Ӯзбекистон маъмур Саманта Пауэр дар ҷаласаи вазирон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар сиғаи С5+1 бо иштироки ҳукуматҳои Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон раисӣ намуд. Дар давоми ҷаласаи вазирон маъмур Пауэр оид ба сармоягузориҳои иловагӣ дар ҳаҷми 14,3 миллион доллари ИМА барои барномаҳои минтақавӣ эълон намуд, ки ин шарикии амиқтарро байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ намоиш медиҳад.

Бо мақсади густариши ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ ҳукуматҳои С5+1 ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро барои афзоиши савдо ва коҳиши газҳои гулхонавӣ амиқтар созанд:

Дастгирии истифодаи энергияи сабз

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш дода, стратегияҳои коҳишдиҳии партовҳои карбониро мубодила хоҳад кард. Ба инҳо тавсеаи имкониятҳо барои самараноктар истифода бурдани тавлиди нерӯи барқ дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ва авлавиятдиҳӣ ба масъалаи коҳиши партовҳо тавассути ҷоринамоии технологияҳои нав ва пешбурди самаранокии энергия дохил мешаванд.

Соддагардонии мубодилаи молҳо байни сарҳадҳо

USAID фаъолиятро дар самти муосиркунонии низомҳои гумрукӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ хоҳад кард, ки савдо ва ҳамкории фаромарзиро афзоиш медиҳад. Ҳар як кишвар барои тавсеаи автоматикунонӣ ва истифодаи протоколҳои умумӣ ва эътирофи шаклҳо ва расмиёти ҳар як кишвар бо мақсади кам кардани мӯҳлатҳои транзити сарҳадӣ барои молҳо корбарӣ хоҳад кард, ки ба соддагардонии савдо имкон медиҳад. Ин талошҳо вақт ва хароҷоти интиқоли молҳоро байни сарҳадҳо коҳиш дода, ба робитаҳои тиҷоратии минтақавӣ ва шаффофият таҳким мебахшад. Аксари ин тадбирҳо ҷанбаҳои асосии узвият дар Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо мебошанд.

Илова ба созишномаҳои нав, маъмур Пауэр оид ба сармоягузориҳои минтақавии зерини USAID эълон кард:

Ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои бахши хусусӣ барои пешбурди рушди иқтисодӣ

Бо такя ба фаъоляти қаблӣ ҷиҳати тавсеаи савдо ва таҳкими бахши хусусӣ дар Осиёи Марказӣ, USAID 10,8 миллион доллари ИМА-ро барои мувофиқ кардани сармоягузориҳои хусусӣ бо грантҳо барои то 100 корхонаҳои микро, хурд ва миёна (КМХМ) пешниҳод хоҳад кард. КМХМ асосан стартапҳое хоҳанд буд, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби намояндагони ҷамоаҳои канормондаю осебпазир пеш бурда мешавад ва дар бахшҳои калидӣ ба мисли ТИК ва иқтисоди сабз кор мекунанд. Сармоягузориҳои мазкур ба ин стартапҳо дар эҷоди абзорҳои нави нармафзор кӯмак хоҳанд кард, ки амалиёти тиҷоратии муштариёни онҳоро такмил дода, фурӯшро афзоиш медиҳанд ва дар баробари ин технологияҳои навро ба кор мебаранд, таҷрибаҳои соҳибкориро такмил медиҳанд ва самаранокиро баланд мебардоранд.

Илова бар ин, лоиҳаи мазкур барои мусоидат ба таъсис ва беҳбудии ҷойҳои корӣ барои 8000 сокинони Осиёи Марказӣ ва муҷаҳҳаз кардани занон, ҷавонон ва аҳолии осебпазир бо малакаҳои зарурӣ барои иқтисодиёти асри 21 равона карда шудааст.

Ташаббуси USAID оид ба комилӣ ва эътиборнокии иттилоот дар Осиёи Миёна

Дар доираи ин барномаи нави минтақавӣ бо маблағи 1,5 миллион доллари ИМА мо бо шарикони худ аз Осиёи Марказӣ барои беҳтар кардани сифати иттилоот дар интернет ва ВАО ҳамкорӣ мекунем ва ба шаҳрвандон малакаҳоро барои ошкорсозӣ ва мубориза бо маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамоем. Бо такя ба ташаббусҳои қаблӣ оид ба дастгирии муҳити пурқуввати иттилоотӣ, USAID маъракаҳои ҷамъиятиро ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии ВАО ва муқовимат ба маълумоти бардурӯғ тавассути муҷаҳҳаз намудани рӯзноманигорон ва мутахассисони ВАО бо малакаҳои рӯзноманигории тадқиқотӣ ва ба маълумот асосёфта дастгирӣ хоҳад кард, ки нашри маълумоти аз ҳама саҳеҳро ташвиқ мекунанд. USAID инчунин бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таҳияи сиёсатҳое, ки маълумоти нодуруст ва маълумоти бардурӯғро коҳиш медиҳанд, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Пешбурди амнияти энергетикӣ ва савдои минтақавии нерӯи барқ

Зиёда аз даҳ сол аст, ки USAID трансформатсияи энергияи барқароршавандаро дар саросари Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Бо сармоягузории иловагӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллар ИМА USAID барои зиёд кардани сармоягузориҳои бахши хусусӣ ва сафарбар кардани маблағгузории иқлимӣ барои тавсеаи энергияи барқароршаванда корбарӣ хоҳад кард. Ин сармоягузории нав барои кушодани роҳ ба таҷрибаҳои шаффофтари соҳибкорӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва навовариҳои ширкатҳои амрикоӣ ва ҳамгироии қавитари тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард.

Пас аз ҷаласаи вазирон маъмур Пауэр ва вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ инчунин як изҳороти муштаракро нашр карда, омодагии муштараки худро барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ бо Иёлоти Муттаҳида тавассути таҳкими робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, гуногунсозии (диверсификатсияи) бозорҳои содироту воридот, тавсеаи рушди энергияи сабз ва самаранокии энергия ва пешбурди рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ тасдиқ намуданд. Иштирокчиён инчунин ҷонибдории худро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва шахсони маъбиятдошта тасдиқ карданд.

 

Administrator Power Travels to Central Asia - October 2023

Image

Body
Administrator Samantha Power will travel to Uzbekistan from October 23th - 24th to deepen ties with Central Asian countries and emphasize the U.S. government’s commitment to the independence, sovereignty, and prosperity of the region.

Share This Page