2022 - 2025 | Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI) | $3,000,000
Мақсад
Лоиҳа оид ба баҳодиҳӣ ва таҳлил дар Тоҷикистон (TEAA) аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI) амалӣ карда мешавад, ки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдорро барои гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илми-асоснок ва устувор кардани иқтидори таҳлилии шарикони маҳаллӣ бо ҳадафи ниҳоии баланд бардоштани даромади табақаи камбизоати мардуми деҳот ва беҳбудии амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон муттаҳид мекунад.
Ҳамкорӣ ва шарикон
IFPRI лоиҳаи TEAA-ро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тадқиқотии маҳаллии давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ва Зеркало Аналитикс груп (ҶДММ «Таҳлил ва Машварат») амалӣ хоҳад кард.
Натиҷаҳои пешбинишаванда
- 8 тадқиқотҳо оиди сиёсати аграрй ва амнияти озуқаворй
- 8 нашрияҳои тақризшудаи тадқиқот ва татбиқи барнома дар натиҷаи дастгирии ҳукумати ИМА.
- 5 маҷмӯаҳои нави маълумот дар бораи амнияти озуқаворӣ ва сиёсати аграрию озуқаворӣ, ки барои истифодаи ҷамъиятӣ дастрасанд
- 80 нафар оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ё амнияти озуқаворӣ бо дастгирии ҳукумати ИМА дар омӯзиши кӯтоҳмуддат иштирок карданд.
- 100 нафар қарорқабулкунанда, таҳлилгарони сиёсӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар фаъолони сиёсат ва тадқиқот, ки дар форумҳои омӯзишӣ, ки дар он натиҷаҳои тадқиқот/таҷрибаҳои беҳтарин пешниҳод карда мешаванд, иштирок карданд.
- 6 тавсияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо дастгирии ҳукумати ИМА расман пешниҳод, қабул ё амалӣ карда шудаанд.
- 50 фоизи иштирокчиён,ки дар чорабиниҳои TEAA оид ба баланд бардоштани иқтидор ва фаъолиятҳои иттилоотӣ-ахборотӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА дастгирӣ мешаванд занҳо мебошанд.
- 2 Дастовардҳои муҳим дар такмили сохтори институтсионалии сиёсати амнияти озуқаворӣ ба даст оварда шудаанд.