Language

2022 - 2024 | Помир Энерҷӣ | $4,150,000

МАЪЛУМОТНОМА

Ноҳияи Мурғоб яке аз ноҳияҳои калонтарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) буда, 26%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва 16,000 нафар аҳолӣ дорад. Ноҳия дар шоҳроҳи Помир ҷойгир буда, дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳамсарҳад аст. Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3,500 м аз сатҳи баҳр воқеъ буда, сардтарин минтақаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳарорати миёнаи зимистон -20°С буда, фасли зимистон дар ин ҷо зиёда аз 7 моҳ давом мекунад. Таъмини нерӯи барқ дар ноҳияи Мурғоб вобаста ба иқлим ва релефи худ пайваста душвориҳоро ба миён меоварад. Дар н. Мурғоб маҳаллаҳое, ба монанди Аличур ва Булункӯл мавҷуданд, ки комилан ба нерӯи тозаи барқ дастрасӣ надоранд. Маркази ноҳия - шаҳраки Мурғоб дар фасли зимистон танҳо аз маҷмӯи нерӯи барқи обӣ ва офтобӣ ҳудуди 10-12 соат нерӯи барқ дорад.

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Помир Энерҷӣ тавассути ташаббуси Эътилофи Глобалии Рушд лоиҳаи барқикунонии Мурғобро ҷиҳати таъмини дастрасии тоза ва боэътимоди нерӯи барқ барои ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб амалӣ хоҳанд кард. Таъмини пайвастаи нерӯи барқ барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва рушди устувори иқтисодӣ барои ҷамоатҳои дарканормонда ва кӯҳистонӣ саҳми асосӣ хоҳад буд.

ҲАДАФҲОИ ЛОИҲА

Ҳадафи лоиҳа ин баланд бардоштани сифати зиндагии сокинони ноҳияи Мурғоб тавассути таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои устувор ва боэътимоди энергия бо роҳи такмил додани иқтидори нерӯгоҳи мавҷудаи офтобии 200 кВт ва насби иқтидори иловагии нигоҳдории барқи батарея мебошад.

ҲАДАФИ ЯКУМ

Беҳтар кардани дастрасӣ ба энергияи тоза ва боэътимоди барқароршавандаи берун аз шабака дар шаҳраки Мурғоб ва шаҳраки Аличур. Иқтидори нерӯгоҳи мавҷудаи 200 кВт тавассути илова кардани нерӯгоҳи 600 кВт ва насби батареяи аккумулятории (БЭС) 1,2 МВт-соат дар шаҳраки Мурғоб такмил дода мешавад.

ҲАДАФИ ДУЮМ

Беҳтар кардани дастрасии энергия ба таҳаввулоти нави тиҷоратӣ ва давлатӣ, яъне гузарондани хатҳои интиқоли барқро ба минтақаҳои тиҷоратӣ ва ҳукуматӣ ва дар баъзе мавридҳо таъмин кардани ноқилҳои дарунӣ дар ҷойҳое, ки қаблан барқикунонида нашудаанд.

ҲАДАФИ СЕЮМ

Коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва партовҳои CO2-и марбут ба энергия тавассути иваз кардани сӯзишвории истихроҷшуда бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили системаи нигоҳдории энергияи офтобӣ ва батарея.

НАТИҶАҲОИ МУНТАЗИРА

  • Дастрасии беҳтар ба энергияи боэътимод ва тоза;
  • Коҳиши вобастагӣ аз сӯзишвории биологӣ ва сӯзишвории истихроҷшаванда;
  • Инфрасохтори баландсифат ва устувор (хатҳои нави тақсимот ва таъмини дугонаи барқ) барои мубориза бо тағйирёбии иқлим;
  • Афзоиши фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
  • Дастрасии беҳтар ба хизматрасониҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ.
Share This Page