Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Душанбе, Тоҷикистон, 27 апрели соли 2023 – Имрӯз Сафири ИМА Мануэл Микаллер дар чорабинии бахшида ба таҷлили дастовардҳои Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар самти расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 ва пешниҳоди як ташаббуси нав оид ба беҳтар гардонидани кӯмак ба кишвар бо мақсади вокуниш ба ҳама гуна пандемияи ояндаи эҳтимолӣ, ширкат варзид. Ин барномаи нав, бо унвони Барномаи глобалии амнияти саломатӣ (GHSP), ба Тоҷикистон дар ошкоркунии барвақтии хатарҳои бемориҳои сироятӣ, босамар ва саривақт посух додан ба ҳуруҷҳои нав ва наҷот ёфтан аз он хуруҷҳое, ки қобили пешгирӣ ҳастанд, кӯмак хоҳад кард.
Дар давоми ду соли охири татбиқи лоиҳаи COVID-19, аз ҷониби ташкилоти FHI360, шаш протоколи клиникӣ, дастурамалҳо ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шуданд. Илова бар ин, дар ҳамоҳангӣ бо дигар лоиҳаҳои USAID дар беморхонаҳои марказии шаҳрии Бохтар, Конибодом ва Панҷакент се системаи таъминоти оксиген насб карда шуданд. Барои таъмини истифодаи самараноки системаҳои мазкур, зиёда аз 500 кормандони соҳаи тиб ва дигар ташкилотҳо дар саросари кишвар дар мавзӯъҳои марбут ба ташхис, табобат, барқарорсозии пас аз COVID-19 ва нигоҳубини техникии таҷҳизоти оксиген, омӯзонида шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Ҳукумати ИМА кори худро дар самти дастгирии системаҳои фаъолу устувори тандурустӣ ва омодагӣ ба хатари пандемия амиқтар гардонида истодааст. Сафир Микаллер изҳор дошт, «Пандемияи COVID-19 як ёдоварии қавӣ дар бораи таъсирест, ки як бемории пайдошуда метавонад ба саломатии одамон ва ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ расонад». Ҳукумати ИМА дар доираи лоиҳаи нав, қобилияти пешгирӣ, ошкоркунӣ ва вокуниши Тоҷикистонро барои коҳиш додани таҳдидҳо аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки ба вуҷуд меоянд, тақвият хоҳад дод».
Чорабинӣ масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19-ро дар бар гирифта, бо намоиши филме, ки дар он дастовардҳои USAID дар мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, анҷом ёфт.