Language

For Immediate Release

Press Release

Душанбе, Тоҷикистон, 25 октябри соли 2023 – Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Хазинаи глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа (Фонди глобалӣ), конфронси ҳафтуми минтақавиро дар мавзӯи «Назорати ҳамгирошудаи бемории сил дар Осиёи Марказӣ» оғоз намуданд. Чорабинии дурӯза ба коҳиши ҳама шаклҳои бемории сил дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда, беш аз 150 иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар шарикони байналмилалиро гирди ҳам овард.

Кордори муваққатии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, хонум Кэрри Ли ҳангоми суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд: “Чорабинии имрӯза шаҳодати ҳамкориҳои давомдори Иёлоти Муттаҳида ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, барои беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии тиббӣ дар кишвар, мебошад. Мо аз роҳбарӣ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон барои барҳам додани бемории сил, ҳамчун як беморие, ки ба мушкилии глобалӣ меоварад, истиқбол мекунем. Дар якҷоягӣ, мо метавонем саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистонро беҳтар созем.”

Тақрибан се даҳсола аст, ки USAID бо Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ҳадафҳои умумии Барномаи миллии стратегиро оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2021-2025 дастгирӣ мекунад. Байни 30 кишваре, ки дар феҳрасти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки аз бори гарони бемории сили ба доруҳо тобовар – як навъи бемории сил, ки ба якчанд доруҳо тобовар аст, азият мекашанд, чаҳор кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Осиёи Марказӣ қарор доранд. Стратегияи глобалии USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ба таъмини таҷрибаи техникӣ ва дастгирии ҳамаҷониба тамаркуз мекунад, ки он меъёрҳои босифати ошкор кардан, табобат ва нигоҳубини бемории силро дар ҳама сатҳҳои хизматрасонӣ, аз миллӣ то маҳаллӣ, тақвият ва тавсеҳ медиҳад. Дар тӯли солҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои миллии худро оид ба вокуниш ба бемории сил тавассути ӯҳдадориҳои қатъии сиёсӣ ва иқтисодӣ тақвият доданд. Бо вуҷуди ин, сарбории баланди шаклҳои ба доруҳо тобовари бемории сил ҳамчун мушкилоти муҳим барои мубориза бо бемории сил дар минтақа боқӣ мемонад.

###

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

 

Image
Share This Page