Language

For Immediate Release

Press Release

Душанбе, Тоҷикистон, 1 декабри соли 2023 – Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки дар ҷашни 35-умин солгарди Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ (СПИД) ба Тоҷикистон, шарикон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамроҳ мешавад. Имрӯз имкониятест қудрат, устуворӣ ва гуногунии ҷомеаи ВНМО-ро эҳтиром кунем ва хотираи онҳоеро пос дорем, ки аз ин беморӣ фавтидаанд.

Ҳукумати ИМА мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ-2023-ро чунин муайян кардааст: “35-умин солгарди Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД: Дар хотир дорем ва ӯҳдадор ҳастем”. Ин шиор ёдоварӣ аз муборизаи ҷаҳонӣ барои хотима додан ба доғдоркунии марбут ба ВНМО аст, ёдоварӣ аз посдории хотираи қурбониёни ин беморӣ ва даъват ба он аст, ки мо кӯшишҳоямонро идома диҳем, то рӯзе расаду ВНМО дигар ба саломатии инсонҳо хатар эҷод накунад. Ҳукумати ИМА мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ дар Тоҷикистон “Пешвоӣ баҳри ҷомеаҳо”, ки нақши муҳими ҷомеаҳоро дар стратегияи миллии вокуниш ба эпидемияи ВНМО/БПНМ таъкид мекунад, истиқбол мекунад.. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Ҳукумати ИМА бо Тоҷикистон дар доираи Нақшаи изтирории Президенти ИМА оид ба рафъи ВНМО (PERFAR) ҳамкорӣ менамояд, то дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат дар самти пешгирӣ, табобат ва нигоҳубини шахсони гирифтори ВНМО\БПНМ-ро ба сатҳи баландтар бароранд. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ-2023 бори дигар ҷонибдории худро барои дастгирии сиёсат, барномаҳо ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳким, тавсеа ва таъмини баробарӣ дар барномаи мубориза бо ВНМО/БПНМ дар тамоми системаи соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад.

Дар Тоҷикистон, тибқи оморҳо, тахминан 15 000 нафар шахсони мубталои ВИЧ умр ба сар мебаранд. Эпидемия асосан касонеро фаро мегирад, ки маводи мухаддирро тариқи сӯзандору истеъмол мекунанд, мардони бо ҳамҷинсонашон алоқаи ҷинсӣ дошта ва ё заноне, ки бо танфурӯшӣ машғуланд. Ин қишри аҳолӣ ноодилона бо монеаҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки аз доғдоркунӣ ва табъиз маншаъ мегиранду сабабгори дастрасии нобаробар ба хизматрасониҳои оҷили пешгирӣ ва табобати ВНМО\БПНМ мегарданд.

Иёлоти Муттаҳида бо камоли майл аз қабули равиши гуногунҷанбаи Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо эпидемияи ВНМО\БПНМ истиқбол менамояд, аз ҷумла аз хизматрасониҳои тиббӣ, ҳам дар муассисаҳои тиббӣ ва ҳам тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ. Ҳукумати ИМА бо Тоҷикистон дар бартараф кардани монеаҳои системавӣ ҳамкорӣ менамояд, то ба кӯшишҳои он дар роҳи мубориза бо ВНМО/БПНМ принсипҳои адолат ва устувориро ворид кунад ва он ҳам тариқи ба роҳ мондани усулҳои инноватсионӣ, аз ҷумла мустақилонаи санҷидани гирифторӣ ба ВНМО, ки ин усул ба одамон имкон медиҳад, то дар ҷои дилхоҳ ва дар вақти дилхоҳ аз санҷиши ВНМО гузаранд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон дар таъмини дастрасии беҳтар ба профилактикаи қабл аз ҷимоъ (PrEP) ҳамкорӣ менамояд, ки он ба таври назаррас хатари гирифторшавӣ ба ВНМО ҳангоми алоқаи ҷинсиро коҳиш медиҳад.

PEPFAR ташаббуси ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар самти паст кардан ва назорат бурдан аз болои эпидемияи ВНМО/БПНМ буда, аз бузургтарин ӯҳдадории мубориза бо як беморӣ мебошад, ки як миллат дар таърихи ҷаҳон ба дӯши худ гирифтааст. Дар Тоҷикистон PEPFAR аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Марказҳои назорати бемориҳо амалӣ мегардад. Бино бар омори UNAIDS, шурӯъ аз лаҳзаи авҷи худ дар соли 2004 PEPFAR теъдоди талафот аз бемории БПНМ дар ҷаҳонро ба андозаи 64% кам кардааст; дар айни замон шумораи мубталоёни нави ВНМО дар ҷаҳон 52 дар сад поин рафтааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан ба www.pepfar.gov сар занед; ҳамчунин метавонед PEPFAR – ро дар Twitter, Facebook ва Instagram пайгирӣ кунед.
Ҳештегҳо барои истифодабарӣ: #PEPFAR20, #EndAIDS2030, #PEPFARSavesLives

Image
Share This Page