Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
ш. Хуҷанд, Тоҷикистон, 29-уми августи соли 2022 – Дар Тоҷикистон тақрибан 13 000 шахсони мубтало ба ВНМО зиндагӣ мекунанд. Эпидемияи сирояти ВНМО, махсусан дар байни гурӯҳҳои калидии аҳолӣ, боқӣ мемонад. Барои мусоидат намудан ба беҳтарсозии саломатии оилаҳои тоҷик Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо USAID Маркази саломатии ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ кард. Дар ин марказ гурӯҳҳои осебпазире, ки дар пешорӯи хавфи сироятёбӣ ба ВНМО/БПНМ қарор доранд, метавонанд доруҳои антиретровирусиро (АРВ) дар фазои бехатар қабул кунанд. Ин аввалин марказ дар навъи худ дар Осиёи Марказӣ буда, ҳамчун намуна барои бисёре аз кишварҳое, ки USAID бо мақсади таъмини тавоноии шахсони мубталои ВНМО кору фаъолият мебарад, хизмат мекунад. Марказ инчунин бо паҳншавии ВНМО/БПНМ мубориза мебарад, ки як қисми ҳамкории васеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва USAID барои ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад.
USAID агентии ҷаҳонии пешбари рушди байналмилалӣ ва воситаи суръатбахш барои афзоиш додани натиҷаҳои рушд мебошад. Сомона барои гирифтани маълумоти иловагӣ: https://www.usaid.gov/tajikistan.