2023 - 2028 | ACDI-VOCA | $18,000,000
ТАФСИРИ ЛОИҲА
Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ACDI/VOCA роҳандозӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, рушду ривоҷи экосистемаи соҳибкорӣ ва инчунин, илова намудани арзиш ба маҳсулот тавассути вусъатдиҳии занҷираи истеҳсолӣ дар соҳаҳои нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) дар миқёси тамоми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Тарҳи нави рушд ба афзоши маҳсулнокӣ, такмили малакаи корӣ ва густариши тиҷорат мусоидат хоҳад кард.
Фонди шарикӣ барои рушди тиҷорат бо ҳаҷми 6.1 миллион доллари амрикоӣ барои оғоз ё рушду ривоҷи фаъолияти тиҷоратӣ, ки иқтидори инкишофи босуръат бо назардошти истифода аз технологияҳои сабз, такмили малакаи корӣ ва ташкили имкониятҳои иқтисодии фарогирро дар бар мегиранд, пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа сармояи ибтидоиро дар ҳаҷми 2 миллион доллари ИМА ба воситаи фонди сармоягузории ACDI/VOCA (AV Ventures) ва Фонди мусоидати рушди Осиёи Марказӣ (CAIF), ки онҳо низ дар навбати худ 2 миллион доллари иловагии ҳамсон барои маблағгузории ширкатҳои хусусӣ ҷудо намудаанд, аз ҷумла барои корхонаҳои хурду миёна, муассисаҳои азими пешбарандаи тиҷорат ва институтҳои молиявие, ки нақши миёнравро дар дастрасӣ ба маблағ ба корхонаҳои хурду миёна иҷро мекунанд, сармоягузорӣ мекунад.
ҲАДАФҲО
- Тақкими муҳити мусоид ба василаи тавонманд намудани имкониятҳо барои рушди бахши хусусӣ.
- Дастрасӣ ба сармояи рушдмеҳвар, бо дарназардошти талаботу пешниҳоди бозор.
- Беҳтар кардани ҷараёни иттилоот тавассути ҳамоҳангӣ дар ҷалби сармояи хусусӣ барои такмили технологияву таҷҳизот.
- Мусоидат ба такмили ихтисос ва сармоягузорӣ ба донишу малака.
- Ба назар гирифтани рушди муҳити қонунгузорӣ.
НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДА
- 30% Афзоиши ҳаҷми фурӯш миёни баҳрабарандаго н
- 5,000 Ҷои кори доимӣ
- 100 Дастгирии ташаббусҳои сабз ва инноватсионӣ
- 200 Стартап бо дастрасӣ ба маблағи ибтидоӣ
- $10 M Сармояи ҷалбшуда
Фонди шарикй барои рушди тич.орат
Ёрии техники, гранти шарикй ва сармояи нбтидоИ
$3.6M - 200 корхонаи хурду миёна, инчунин дах, адад стартаnи инноватсионН
$2M - Иштирокдорони бозори дохиЛН, аз ч.умла тах,внл1 унандагони хизматрасонt-1х,ои техники
$500K - Ёрин техникни кутох,муддат аз тарафи шнркацои ФинТех ва тах.нягарони моАу махсулоти махсус