Language

Варақаи матбуотӣ

18-04-2024

Эъломия Матбуотӣ

ДушанбеТоҷикистон, 18 апрели соли 2024 – Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташаббуси наверо роҳандозӣ намуд, ки ба рушди имкониятҳои дарозмуддати иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи нави панҷсолаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон (EEDA) ба ҳаҷми 18 миллион доллари ИМА ба рушди устувор ва фароҳам овардани имкониятҳои фарогири иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур бо ширкатҳои маҳаллӣ барои баланд бардоштани натиҷаҳо дар соҳаҳои нассоҷӣ, коркарди маводи ғизоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии аз ҷиҳати экологӣ тоза, афзоиши сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои бозорӣ, ҳамкорӣ хоҳад кард. Ин имкон медиҳад, ки 5,000 ҷойҳои кории доимӣ таъсис дода шаванд; 200 тиҷорати ибтидоӣ (стартапҳо) дастрасӣ ба маблағгузорӣ ёбанд; ва 10 миллион доллар сармояи бахши хусусӣ ҷалб карда шаванд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи лоиҳа Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли қайд кард, ки “Ташаккули навовариҳо, пешбурди рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғли устувор дар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ муҳим аст. Ин ҳамкориҳо ҳадафи умумии рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини шукуфоии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро таъкид менамояд”.

Арт Гандильян, намояндаи дафтари марказии ACDI/VOCA қайд кард: “Лоиҳа ба таъмини рушди устувор тавассути a) барқарор кардани муносибатҳои тиҷоратӣ, ки пас аз ба итмом расидани лоиҳа низ идома хоҳанд ёфт; б) эҷоди ҳавасмандии иқтисодӣ барои бахши хусусӣ барои сармоягузории муштарак ва в) ба роҳ мондани шарикӣ дар атрофи бозорҳои ниҳоӣ, ки захираҳоро барои густариши системаҳои бозорӣ ҷалб мекунанд, нигаронида мешавад”.

———

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

Image
Роҳандозии лоиҳаи нави 18 миллиондоллараи USAID барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии Тоҷикистон