Language

2020 - 2025 | DAI Global, LLC | $36,300,151

Ҳадаф

Ҳамчун як қисмати ташаббуси сатҳи ҷаҳонии ҳукумати ИМА оид ба норасогии ғизо ва амнияти озуқаворӣ, лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барои суръат бахшидан ба рушди кишоварзӣ, амиқтар намудани устувории аҳолии осебпазир, беҳтар намудани шароити мусоид барои кишоварзӣ ва ислоҳоти замин ва беҳбуди ғизо дар ҷомеаҳои деҳоти вилояти Хатлон, раванди низоми бозорро тадбиқ месозад.

Раванди татбиқ

Лоиҳа равиши фарогири низомҳои ба бозор нигаронидашударо, барои таҳкими соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тавассути ҷалби фаъолони бахши хусусӣ, бо мақсади рушд ва тавсеаи имкониятҳои бозор амалӣ месозад.Лоиҳа барои баланд бардоштани ислоҳоти системавӣ ва таъмини муҳити мусоид барои истифодабарии замин ва бахши кишоварзӣ, васеъ намудани истеҳсолот барои тиҷорат ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғли устувор, бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич дорад, то боварӣ ҳосил намояд, ки занон, ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазири минтақаҳои дурдасти Хатлон дар канор намонанд.

Такмили самаранокии низоми кишоварзӣ тавассути 1) таҳкими робитаҳои бозорӣ шурӯъ аз хоҷагии деҳқонӣ то ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, 2) баланд бардоштани талабот ва пешниҳоди бахши хусусӣ ба хадамоти рушди тиҷорат ва 3) хизматрасониҳои машваратии озмоишӣ таҳти роҳбарии бахши хусусӣ барои тақвияти савияи дониш ва иқтидори деҳқонони минтақаи амал дар доираи занҷираҳои арзиши интихобшудаи меваҳои донакдор, сабзавоти барвақтӣ, зироатҳои полезӣ ва ангур.

Мусоидат барои беҳтар намудани равиш оид ба истеъмоли хӯроки серғизо ва гуногун тавассути зиёд намудани дастрасӣ ба маҳсулоти гуногуни серғизо, ба воситаи афзоиши истеҳсолот дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва баланд бардоштани савияи дониш оид ба хӯроки серғизо ва гуногун тавассути гузаронидани машваратҳои омӯзишӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ оид ба ғизо дар сатҳи ҷомеа.

Тақвияти устувории хоҷагиҳои хурди осебпазир аз ҷумла занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир дар ҳолатҳои диверсификатсия (дигаргунишавӣ) ва суръатбахшии истеҳсолоти ба бозор алоқаманд, ва «қисман хориҷшавӣ» тавассути диверсификатсияи хавфу хатарҳо ва васеъ намудани имкониятҳои даромади берун аз хоҷагиҳо, ҳифзи захираҳои табиӣ, таҳкими иқтидор барои сарфа ва ҳифзи дороиҳо ва зиёд намудани пасандозҳои хонавода.

Беҳтар намудани муҳити мусоид тавассути тақвияти ҳимояи заминистифодабарандагон ва пешбурди ислоҳоти фарогири сиёсати кишоварзӣ. Эҷоди талабот ба хизматрасонии идоракунӣ ва ҷалби ниҳодҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ дар таҳия, баррасӣ ва татбиқи сиёсатҳо.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда дар Тоҷикистон» фаъолияти худро дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Носири Хисрав, Қубодиён, Левакант, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон) идома медиҳад.

Натиҷаҳое, ки ба даст оварда шудаанд 

  • 215,022 нафар дар барномаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ иштирок карданд. 
  • 34,610 нафар таҷриба ва технологияи такмилёфтаи идоракунии кишоварзиро истифода бурданд. 
  • 21,100 гектар замин бо усулу технологияи мукаммали хоҷагидорӣ кор карда шуданд. 
  • 835 нафар барномаҳои омӯзиши касбиро хатм карданд. 
  • 14 санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба заминистифодабарӣ қабул гардида, 6 санади меъёрию ҳуқуқӣ дар раванди мувофиқа ва тасдиқ қарор доранд. 
  • 31,733 нафар бо дастгирии ҳукумати ИМА ҳуқуқи расмии истифодабарии заминро доро шуданд. 
  • 27,094 нафар дар барномаҳои маблағгузории хурд ё қарздиҳие, ки аз ҷониби ИМА дастгирӣ мешаванд, иштирок намуданд 
  • 688,809 доллари ИМА барои сармоягузории нави бахши хусусӣ ҷалб карда шуд. 
  • 1,104,140 доллари ИМА - ҳаҷми фурӯши солонаи истеҳсолкунандагон ва ширкатҳое, ки тавассути ҳукумати Амрико дастгирӣ мешаванд.
Share This Page