Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Вилояти Хатлон, Тоҷикистон, аз 24 октябр то 30 ноябри соли 2022 – USAID аз 24 октябр то 30 ноябри соли ҷорӣ ба 25 000 хонаводаи 12 ноҳияи мавриди ҳадаф қарордоштаи деҳоти вилояти Халтон тухмии картошка, тухмии гандум ва нуриҳои минералии барои парвариш кофӣ тақсим мекунад.
Сабаби интихоб шудани тухмии картошка ва гандум барои тақсимот аз тарафи USAID ин пеш аз ҳама шинос будани маҳсулоти зерин ба мардуми маҳаллӣ, нисбатан осонтар будани парвариш, аз ҷиҳати ғизонокӣ, алахусус витамину энергия бой будан ва дар фасли зимистон имконпазирии ба осонӣ нигоҳ доштан аст.
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ин ташаббусро бо пешниҳоди рӯйхати расмии оилаҳое, ки дар минтақаҳои мавриди ҳадаф қарордошта, таҳти хатари ноамнии ғизоӣ қарор доранд, дастгирӣ намуд. Ин оилаҳо ба таконҳо ва фишорҳои иқтисодии дар натиҷаи муноқишаҳои минтақавию фаромарзӣ бавуҷудомада, ки интиқоли пули муҳоҷиронро коҳиш дода, занҷири таъминотро вайрон ва нархи ҳам маҳсулоти асосии воридотӣ ва ҳам ғизои маҳаллӣ ва мавсимиро боло бурданд, боз ҳам осебпазиртар мегарданд.
«Ман ифтихор аз он дорам, ки мо метавонем ин мудохилаи саривақтиро барои афзоиши истеҳсоли оилавӣ, баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар давраи бӯҳрону болоравии нархҳо анҷом диҳем. Ба туфайли ин иқдом, USAID ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани вазъи камғизоӣ ва камбизоатӣ миёни деҳқонони хоҷагиҳои хурд, тавассути пешкаш кардани мавод барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, кӯмак мерасонад ва ба ин васила, USAID дар сарфаи ҳарҷи деҳқонон барои хариди маводи истеҳсолӣ, ки арзишаш ҳамарӯзаи он баланд мешавад, саҳм мегузорад.”, гуфт Питер Райли, Директори Намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.