For Immediate Release
Press Release
Душанбе, Тоҷикистон, 3-юми феврали соли 2023 – USAID, дар якҷоягӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании (шаҳрвандии) навро ба намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ намуд. Манфиати USAID аз муқаррароти Кодекс марбут ба идоракунии захираҳои замин вобаста буд,
Кодекси нави мадании (шаҳрвандии) Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2022 тасдиқ гардида, аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад. Кодекси мадании (шаҳрвандии) Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо самтҳои асосӣ ва вазифаҳоро дар соҳаи қонунгузории шаҳрвандӣ муқаррар менамояд, балки муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, инчунин тартиби амалӣ намудани муносибатҳои молумулкӣ, ҳуқуқи молумулки зеҳнӣ, муносибатҳои корпоративӣ, шартномавӣ ва дигар уҳдадориҳоро танзим менамояд. Хусусан дар бораи идораи замин Кодекси нав ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро содда мекунад.
Дар рафти чорабинӣ баромадкунандагон ин ва дигар тағйиротҳоро, аз ҷумла дар бораи муайян намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамиятҳои масъулияташон маҳдуд) ва инчунин фароҳам овардани ҳуқуқи истифодабарандагони давлатӣ ва хусусӣ ба қитъаҳои замин, муаррифӣ намуданд. Дар оянда, Кодекси нави маданӣ (шаҳрвандӣ) инчунин имкон медиҳад, ки тамоми масъалаҳои танзими муносибатхои замин ба Кодекси замин дохил карда шаванд. Иштирокчиён ба мубрамияти Кодекси шаҳрвандии нав, мутобиқати он ба талаботи муосири муносибатҳои замин ва бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул баҳои баланд доданд.
USAID дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро барои беҳтар намудани амнияти замин ва пешбурди ислоҳоти фарогир дар соҳаи кишоварзӣ, тавассути баланд бардоштани талабот ва пешниҳоди хадамоти идоракунии замин ва ҷалби субъектҳои бахши давлатию хусусӣ, дар тарҳрезӣ, баррасӣ ва татбиқи сиёсат идома хоҳад дод.
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Oзуқаворӣ ба хотири оянда” ташаббуси Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо DAI Global дар Тоҷикистон, Душанбе, бинои кӯчаи Айнӣ 48, бинои «Созидание», ошёнаи 2: Alg_info@dai.com