ТАФСИРИ ЛОИҲА
Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» ба кормандони соҳаи тиб, ҷомеаҳо ва оилаҳои тоҷик ҷиҳати беҳтар намудани саломатӣ, ғизои занони ҳомила ва ширдеҳ ва кӯдакони онҳо дар давоми 1000 рӯзи аввали тиллоӣ кӯмак мерасонад. Лоиҳа Ҳукумати Тоҷикистонро барои коҳиш додани фавти модару кӯдак ва камғизоӣ дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон тавассути татбиқи стратегияҳои миллии беҳбуд бахшидан ба саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ ва таҳкими тамоми сатҳҳои низоми тандурустӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳи бештари инфиродӣ ба саломатии худ, ёрии бунёдӣ мерасонад. Ноҳияҳои фаъолияти Лоиҳа: Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Левакант, Н.Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон.
ҲАДАФ
Барои ба даст овардани ҳадаф ва натиҷаҳои дарозмуддати кишвар, Лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ гардонидани системаҳои мавҷудаи марбут ба дастгирии ҳифзи саломатии модар, навзод ва кӯдак, ва тадбирҳои ғизоӣ, ичунин таҳкими иқтидори техникӣ ва ташкилии маҳаллӣ дар ҳама гуна сатҳҳо кӯмак мерасонад. Фаъолияти Лоиҳа барои баланд бардоштани саводнокӣ доир ба амал ва вусъат бахшидан ба тағйиротҳои таъсирбахш дар меъёрҳои иҷтимоӣ тавассути тавсия ва навоварии таҷрибаҳои беҳтарини тасдиқгардидаи ҷаҳонӣ, ки дар сатҳи ҷомеа ва сохторҳои дахлдори вилояти Хатлон тағйироти рафторро суръат мебахшад, равона карда шудааст.
ҲАДАФИ ЯКУМ
Вусъат бахшидан ва ниҳодина карадани хизматрасониҳои тиббии босифат ва ғизоӣ барои модарон, навзодон ва кӯдакон.
ҲАДАФИ ДУЮМ
Дастгирии пешбарикунанда ба самтҳои фаъолияти Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо ва стратегияҳои миллӣ.
ҲАДАФИ СЕЮМ
Такмил ва беҳтарсозии ғизо ва саломатии модару кӯдак таввассути тағйири рафтори иҷтимоӣ.
НАТИҶАҲОИ АСОСӢ
- Дастгирии Лоиҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳия, баррасӣ, ва татбиқи стратегияҳо ва нақшаҳои миллӣ.
- Гузаронидани шаш тадқиқот барои муайян кардани иқтидор ва монеаҳои мавҷуда барои таҳияи тадбирҳои воқеӣ, ҷиҳати беҳтарсозии сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасӣ ба таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH).
- Мусоидат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқгардонии механизмҳои мавҷудаи соҳаи солимии модару кӯдак ва ғизо, инчунин таҳкими иқтидори кадрӣ ва техникӣ дар сатҳи маҳаллӣ.
- Дар асоси натиҷаҳо ва бозёфтҳои Тадқиқоти некӯаҳволии кормандони соҳаи тибб, аз ҷониби Лоиҳа барномаи мукаммали беҳтарсозии шароити кор барои таҳкими сифати хизматрасониҳои тиббӣ таҳия ва татбиқ карда шудааст.
- Устувор намудани ҳамкории зич ва пайванди муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо.
- Дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барномаи шарикии ҷомеа ҷорӣ карда шуда, дастаҳои ҷомеавии саломатӣ таъсис дода шуданд.
- Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тавассути ҷалби ҷомеа ба масъалаҳои саломатӣ, таҳкими низоми равонасозӣ ба муассисаҳои тиббӣ ба занҳои ҳомиладор ва кӯдакон.
- Бо истифода аз тадбирҳо оид ба тағир додани рафтор сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ғизоӣ ба модару кӯдак тавассути расонидани дастгирии иҷтимоӣ, пешбурди қабули қарорҳои муштарак ва банақшагирии оила беҳтар карда шуд.
- Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони дин доир ба ҷалби мардон ба масъалаҳои саломатии модару кӯдак, ғизо, таъмини об, санитария ва беҳдошт ва гендерӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор карда шудаанд.
- Масъалаҳои тағирёбии иқлим ба фаъолиятҳо дар сатҳи аҳолӣ ва тандурустӣ ворид карда шуданд.
- Лоиҳа, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян ва бартараф намудани мушкилот, аз ҷумла таҳияи Феҳристи кормандони соҳаи тандурустӣ, кӯмаки техникӣ расонид.
- Дастгирии кори Котиботи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҷиҳати коҳиш додани қадпастӣ ва ғанигардонии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мусоидати Лоиҳа дар татбиқи қонунҳо ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи ғизо, аз ҷумла ғанигардонии ғизо.
- Барномаи таълимии нави оид ба масъалаҳои саломатӣ, таъмини об, санитария, беҳдошт ва ғизо барои мактабҳои миёна аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
БУҶЕТ: $17,329,339
МУҲЛАТИ ФАЪОЛИЯТ: октябри соли 2020-сентябри соли 2025
ТАМОС: Клиффорд Любитс, Роҳбари лоиҳа, E-mail: сlifford_lubitz@abtassoc.com
Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» аз ҷониби Абт Глобал амалӣ карда мешавад.