Language

Image
Image

Чӣ гуна ходимони дин дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани саломатии модару кӯдак мардҳоро ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи домулло Шермуҳамад Қараев, яке аз ходимони дин дар Тоҷикистон, барои ташвиқи бештари синамаконӣ дар байни занон дар Тоҷикистон, омӯзонидани падарон ҳам мисли модарон муҳим аст.

Домулло Шермуҳамад, ки бо зану чор фарзандаш дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад мегӯяд ки: "Дар оилаҳои тоҷик қарори қабул асосӣ бар дӯши мард аст".

Мардҳо бештар дар бораи мушкилоти саломатии кӯдакон хомӯшона ва зиёд нигаронанд, вале онҳо барои пешгирии ин мушкилотҳо намедонанд, ки чӣ кор кунанд.

USAID ҳукумати Тоҷикистонро дар беҳбуди вазъи саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» ба оилаҳое, ки дар 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак қарор доранд, аз қабили синамаконӣ таҷрибаи беҳтарин оид ба саломатии модарону кӯдакро қабул кунанд, кӯмак мекунад.

Learn More:

Бартараф Намудани Монеъаҳо Дар Таъмин Ва Дастгирии Синамаконӣ

Body
Чӣ гуна ходимони дин дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани саломатии модару кӯдак мардҳоро ҷалб мекунанд.

Image
Share This Page