Language

Image
Image

Сурайё Оеваи 43-сола соли 2016 ба мисли дигар мардону занони тоҷик оила ва ватани худро тарк карда, дар хориҷи кишвар барои таъмини оила пул кор мекард. Сурайё тахминан даҳ сол дар Русия дар ошхона кор карда, он ҷо нон, кулчаканд ва самбуса, ки хуриши миллии тоҷикӣ аст, омода мекард.

Муборизаи Сурайё бо бемории сил соли 2020, вақте ки у 40-сола буд, оғоз шуд. Мушкилоти саломатии у дар пайи садамаи автомобилӣ дар наздикии Маскав худи ҳамон сол афзунтар шуданд. Ин садама ӯро ҳафт моҳ дар бемористон бистарӣ карда буд, зеро аз пой ва пушташ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.

Сурайё ду маротиба дар Русия муолиҷаи бемории силро оғоз кард, аммо таъсири манфии доруҳо ва зарурати пайваста ба дармонгоҳ рафтан, истеъмоли мунтазами доруҳои зиёдеро, ки барои муолиҷаи ин беморӣ лозим буд, боз ҳам мушкил кард. Вай на бори аввал ва на бори дуюм табобаташро ба охир нарасонид.

Соли 2022 Сурайё ба зодгоҳаш дар ноҳияи Ваҳдат, ки дар шарқи пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе қарор дорад, баргашт. Баъди чанде, у худро хеле заиф ҳис кард. Иштиҳояш якбора паст шуд ва қариб нисфи вазни баданашро партофта буд. Нафасаш танг мешуд ва пушту пойҳояш доим дард мекарданд. Пас аз даҳ соли кор дар ғарибӣ барои таъмини оила, Сурайё акнун медонист, ки аввалан бояд ба табобати худ машғул шавад, то ки зинда монад.

Бисёр омӯхтан:

Технологияҳои Нав Барои Табобати Бемории Сил Дар Тоҷикистон

Body
Дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2023 бо дастгирии USAID 10 маркази тиббии озмоишӣ ТНВ-ро барои одамони гирифтори шаклҳои мушкили сил истифода мебаранд. Дар маҷмӯъ 45 нафар кормандони соҳаи тиб таълим гирифта, ба беморон 71 смартфон ва барои кормандони соҳаи тиб 13 планшет дода шуд.

Image
Share This Page