Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Хатлон, Тоҷикистон, 16-уми май, 2023 – Агенти ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди Оғохон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон” дар се деҳаи ноҳияи Қубодиён сохтмони се шабакаи оби нӯшокӣ ва се ҳоҷатхонаи муассисаҳои таълимиро ба итмом расонида, расман барои истифода ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дода шуданд. Ин шабакаҳо бештар аз 1191 хонаводаро (10 990 нафарро) бо оби ошомидании бехатар ва доимӣ таъмин мекунанд ва ҳоҷатхонаҳо ба 1424 донишомӯз ва кормандони дигари мактаб шароити муносиби беҳдоштӣ фароҳам меорад.
Ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла Қубодиён солҳост, ки аз набуди дастрасӣ ба оби тоза ранҷ мебаранд ва ин вазъият барои ҳадафҳои рушди ноҳияҳо монеа эҷод кардаст. Сокинони ин ноҳияҳо қаблан оби чоҳҳои амудӣ, дарёҳо ва каналҳоро истифода мебурданд, ки боиси пайомадҳои зиёнбор барои саломатӣ ва ноамнии ғизо, аз ҷумла хуруҷи бемориҳои аз об пайдошаванда мегардад.
Борои баррасӣ намудани масъалаи камбудии об, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкории наздик бо Фонди Оғохон ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаеро роҳандозӣ карданд.
Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён, Роштқалъа ва Шаҳритус 13 шабакаи оби нӯшокӣ ва 13 ҳоҷатхонаи муассисаҳои таълимӣ бунёд кардааст. Иншоотҳои мазркур 43 161 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ ва ба 8 304 нафар шароити беҳдоштии муносиб фароҳам овардаанд.
Барномаи панҷсолаи (2018-2023) “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” ҳамкории Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Оғохон ва Ҳукумати Тоҷикистонро густариш медиҳад. Ин барнома дар заминаи беҳбуди сифати зиндагии сокинони 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар марзи Афғонистон, амалӣ мешавад.
# # #
USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.
Фонди Оғохон бо ҳадафи сармоягузории дарозмуддат, таъсиси ниҳодҳои доимӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандии фаъол бо мардум, созмонҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ ва роҳбарони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад. Кори мо бар боло бурдани сифати зиндагии мардум ва коҳиши фақр тамаркуз мекунад. Фонди Оғохон яке аз созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN)-шабакаи пештоз дар арсаи ҳалли мушкили фақр-мебошад, ки аз ҷониби Волоҳазрат Оғохон таъсис шудааст. Барои маълумоти бештар www.akfusa.org.
Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) зарфиятҳои Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Идоракунии хавфи офатҳои AKDN, ва Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғохон муттаҳид намуда, дар заминаи омодагӣ барои офатҳои ногаҳонӣ ва тадриҷӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар: http://www.akdn.org/our–agencies/aga–khan–agency–habitat.