Language

Варақаи матбуотӣ

22-09-2023

Эъломия Матбуотӣ

Данғара, Тоҷикистон, 22 сентябри соли 2023 – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон (AKF) анҷоми бомуваффақ ва пурсамари барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”-ро бо баргузор кардани чорабинии хотимавӣ ҷашн гирифтанд.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” тайи панҷ соли гузашта сифати зиндагии бештар аз 190 ҳазор нафарро дар 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар марз бо Афғонистон қарор доранд, ба таври назаррас беҳбуд бахшид.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” ба як қатор ниёзҳои зерсохтии иқтисодӣ ва тавонмандсозӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ ба монанди дастрасии пойдор ба об, беҳдошт, тандурустӣ, омӯзиш ва хизматрасонӣ дар заминаи таъмини барқ расидагӣ кард.  Илова бар ин, барномаи мазкур ба рушди бахши кишоварзӣ мусоидат карда, тиҷоратҳои хурду рушдёбандаро вусъат дод ва хизматрасониҳои молиявию идоракунии маҳаллиро беҳтар кард.

Сафарова Оҳимгул, роҳбари МТМУ № 20 дар деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ мегӯяд: “Сохтмони шабакаи таъмини об ва ҳоҷатхонаи мактаб бемориҳои сироятӣ, ба монанди домана ва вараҷаро, аз байн бурд. Ин бемориҳои сироятӣ дигар монеи иштироки донишомӯзони мактаб дар дарсҳо намешаванд. Духтарон ва писарони мо ҳоло бо як хурсандӣ аз оби тоза ва имкониятҳои беҳдоштӣ истифода мекунанд, ки боиси натиҷаҳои мусбӣ дар самти таҳсил мешавад”.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” (2018-2023) аз ҷониби USAID ва Фонди Оғохон саховатмандона маблағгузорӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ, Помир Энерҷӣ, Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишкадаи тадқиқоти манотиқи куҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва чандин ташкилоти ҷамъиятии дигар амалӣ гардид.

###

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

Фонди Оғохон бо ҳадафи сармоягузории дарозмуддат, таъсиси ниҳодҳои доимӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандии фаъол бо мардум, созмонҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ ва роҳбарони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад. Кори мо бар боло бурдани сифати зиндагии мардум ва коҳиши фақр тамаркуз мекунад. Фонди Оғохон яке аз созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN)-шабакаи пештоз дар арсаи ҳалли мушкили фақр-мебошад, ки аз ҷониби Волоҳазрат Оғохон таъсис шудааст. Барои маълумоти бештар www.akfusa.org.

 

Image
USAID and AKF Celebrate the Successful Close-Out of Thrive Tajikistan Program
Share This Page