Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Вилояти Суғд, Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) системаи барқароршудаи оби нӯшокиро дар деҳаи Сумчаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дод. Иншооти таъмини оби нӯшокии барқароршуда зиёда аз 5800 нафар аҳолии деҳаро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд. Зиёда аз 668 хонавода, муассисаи таҳсилоти умумӣ, боғчаи бачагона ва муассисаи тиббӣ аз ин иншоот баҳра мебаранд.
Қаблан, аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба дастрасии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот, иншооти таъмини оби нӯшокии деҳаи Чорбоғи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон низ барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ, пас аз барқарор гардидани ин ду иншоот 9200 нафар бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Пеш ин сокинон аз истеъмоли оби бесифати хатарнок азият мекашиданд. Дар умум, дар доираи лоиҳа таҷдиди 12 иншооти таъмини оби нӯшокӣ дар назар аст, ки ба беш аз 45 000 нафар аҳолии деҳот хизмат мерасонанд.
USAID дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва соҳибкорон барои рушд ва такмил додани инфрасохтор баҳри таъмини оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Иншооти мазкур бо истифода аз модели нави таъмини оби нӯшокии ғайримарказонидашуда амалӣ мегардад, ки он аз мақомоти худидораи маҳаллӣ ба ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ гузаронида мешавад ва ҳаққи пардохти об тавассути ташкилоти мазкур ҷамъоварӣ мегардад. Системаи мазкур бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда шудааст, ки онро метавон дар дигар минтақаҳо низ истифода кард.
USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти идоракунии муассир, рушди иқтисодӣ, беҳбуди омӯзиш, тандурустӣ, амнияти ғизо ва вусъати робитаи иқтисоди минтақавӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи USAID Тоҷикистон дар Facebook https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дидан кунед.