Language

Варақаи матбуотӣ

09-11-2022

Эъломия Матбуотӣ

Ваҳдат, Тоҷикистон, 9 ноябри соли 2022 – Бо мақсади расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани ибтило ба бемории сил ва солим нигоҳ доштани оилаҳои тоҷик, Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба Озмоишгоҳи миллии референсии Тоҷикистон системаи нави идоракунии иттилооти озмоиширо пешниҳод намуд. Системаи мазкур ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҷиҳати идора кардани маълумоте, ки аз ҷониби шабакаи озмоишгоҳҳои минтақавӣ оид ба бемории сил дар кишвар гузориш дода мешавад, дар вақти воқеӣ ё худ дар вақти ҷорӣ кӯмак хоҳад кард. Система аз нармафзор (барнома) ва таҷҳизоти махсусгардонидашуда, ки арзишашон ба 309,000 доллари ИМА баробар мебошад, иборат аст. Бо истифода аз ин системаи нав, Озмоишгоҳи миллии референсии Тоҷикистон метавонад ҷараёнҳои кориро автоматӣ намуда, воситаҳои мавҷударо муттаҳид созад ва намунаю иттилооти вобастаро идора кунад. Дар натиҷа санҷишҳои гузаронидашуда босамар шуда, сатҳи шифоёбии беморон баландтар мешавад.

USAID Системаи идоракунии иттилооти озмоиширо ба талаботи мушаххаси озмоишгоҳи Тоҷикистон мутобиқ ва насб карда, сервер ва таҷҳизоти компютериро харидорӣ намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани системаи мазкур имкон фароҳам меорад. Система то охири соли 2022 дар худи Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба кор оғоз карда, дар давоми соли 2023 дар озмоишгоҳҳои минтақавӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

“Табибони тоҷик барои солим нигоҳ доштани оилаҳои сокинони кишвар ҳамарӯза кумаки худро расонида истодаанд. Мо ифтихор дорем, ки онҳоро дар ин кори некашон дастгирӣ мекунем, зеро ба коҳиш додани паҳншавии бемории сил мусоидат карда истодаем. Кӯмак ва ҳамкории мо ба он мусоидат мекунад, ки ҳар як бемори гирифтори сил аз ташхис гузашта, табобати босифат гирад», гуфт Кристофер Барретт, Директори Дафтари тандурустии USAID/Тоҷикистон.

Image
USAID Hands Over Laboratory Information Management System to Tajikistan’s National Tuberculosis Reference Laboratory
Share This Page