Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
7 октябри соли 2024, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон – Муовини ёвари маъмури USAID оид ба минтақаи Осиё Анҷали Каур барои тасдиқи тарафдории Ҳукумати ИМА аз рушди фарогири иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ, ки аз 7 то 8 октябр сурат мегирад, хонум Каур аз лоиҳаҳои USAID дар шаҳри Душанбе ва атрофи он дидан мекунад. Муовини ёвари маъмур Каур бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикон мулоқот хоҳад кард, то пешравиро дар самти афзалиятҳои муштарак байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон муҳокима кунад. Инчунин хонум Каур аз тадбирҳои USAID, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷамоаҳои деҳотро дастгирӣ мекунад, боздид хоҳад кард. Сафари хонум Каурро дар саҳифаи намояндагии USAID дар Тоҷикистон дар Facebook пайгирӣ кунед.