Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Алмато, Қазоқистон, 19 декабри соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба таври расмӣ нашрияи рақамӣ ва чопиро таҳти унвони ‘Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ: Саёҳат дар миёни маҷмӯи тасвири ҳунарҳо’ оғоз мекунад. Дар ин маҷмӯа ашёи аҷибе оварда шудаанд, ки аз ҷониби 50 нафар занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, ки ҳунари барҷастаи онҳоро ба ҷаҳониён нишон медиҳад ва ба онҳо имкониятҳои нави тиҷоратиро мекушояд.
Маҷмӯи тасвири ҳунарҳо дар саросари ҷаҳон ба таври рақамӣ дастрас буда, ҳунармандон имкон доранд, ки фаъолияти тиҷоратии мувофиқи худро дар миқёси ҷаҳонӣ,инчунин, огоҳӣ ва қадршиносии ҳунари худро ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ афзоиш диҳанд.
Ҳунарҳои мардумӣ барои наслҳо сарчашмаи зебоӣ, рамзи таърихӣ, ифтихор ва ҳувият буда, мероси ғанӣ ва анъанаҳои ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Дар деҳот занон ва оилаҳои онҳо на танҳо ба даромади хонавода саҳм мегузоранд, балки ҳамчун посбони мероси таърихӣ ва фарҳангии маҳаллӣ, мардумӣ ва минтақавӣ қарор доранд. Онҳо ҳомии анъанаҳои қадимӣ, аз ҷумла ҳунари мураккаби қолинбофӣ ва нассоҷӣ, гулдӯзӣ, абрешимбофӣ, кандакории чӯб, коркарди филиззот, сафолӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
Нашрияи ‘Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ: Саёҳат дар миёни маҷмӯи тасвири ҳунарҳо’ ба истиқлолияти иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанг ва баробарии гендерӣ мусоидат намуда, як қадами назаррасро дар самти эҷоди сарзамини бештар фарогир ва шукуфои таъсиси Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Бо идоракунии муассири тиҷорат ва кашф кардани бозорҳои васеътар, ин ҳунарҳо қудрат доранд, ки даромадро ба таври назаррас афзоиш диҳанд, таҳсилотро баланд бардоранд ва зиндагии хонаводаҳо, махсусан занону духтарон дар деҳотро ба таври назаррас беҳтар созанд.
Маҷмӯи тасвири ҳунарҳо ҳамкории байни лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо дар Oсиёи Mарказӣ (TCA), Институти Смитсониан ва Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои ИМА (CLDP) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандон дар Қазоқистон амалӣ карда мешавад.
Илова ба эҷоди маҷмӯи тасвири ҳунарҳо, дастаи лоиҳа, инчунин, омӯзишҳои виртуалӣ ва ҳузуриро, дар бораи стратегияҳои маркетинги ҳунарҳои дастӣ ва методҳои беҳтарини истифодаи маҷмӯи тасвири ҳунарҳо барои пешбурди таҷрибаҳои ҳунарӣ ва бизнес, пешниҳод кард.
‘Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ: Саёҳат дар миёни маҷмӯи тасвири ҳунарҳо’ нишонаи ӯҳдадориҳои USAID-ро барои коҳиш додани тафовути гендерӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамзамон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тавонмандсозии занону духтарон мебошад.