2020 - 2025 | Кемоникс Интернешнал Инк.
МАЪЛУМОТНОМА
Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот минтақаи зерҳадафро бо барқарорсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ дастгирӣ намуда, дар баробари он, баҳри таъмини бехатарии оби нӯшокӣ омӯзиш ва роҳнамоиро барои таъсиси моделҳои тиҷоратии аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва аз ҷиҳати молиявӣ устувор мусоидат менамояд. Лоиҳа тавассути таҳкими иқтидори касбӣ, молиявӣ, идоракунӣ ва банақшагирии хизматрасониҳои оби нӯшокӣ дар деҳот дар баробари беҳтар намудани робита бо мақомоти маҳаллӣ ва деҳоти зерҳадаф аз усули системаҳои хизматрасонӣ бо ҷомеа кор мегирад. Бо мақсади пайваста баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот дар назди худ се вазифаи тақвиятдиҳандаи ҳамдигарро мегузорад.
ҲАДАФҲОИ ЛОИҲА
Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот тавассути дастрасии устувор ба оби тозаи нӯшокӣ дар деҳот саломатӣ ва устувории ҷомеаро дар Тоҷикистон беҳтар менамояд.
ҲАДАФИ ЯКУМ
Баланд бардоштани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар деҳоти Тоҷикистон тавассути татбиқи лоиҳаҳои хурди инфрасохторӣ, бо роҳи барқарорсозӣ ва сохтмони иншоотҳои обтаъминкунӣ.
ҲАДАФИ ДУВВУМ
Таъсис додани ташкилотҳои боэътимод ва устувори тиҷоратӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ тавассути беҳтар намудани идоракунӣ ва дастрасӣ ба молия.
ҲАДАФИ САВВУМ
Ҷалби бештари ҷомеа барои назорат ва ҳисоботдиҳии ташкилотҳои обрасон.
НАТИҶАҲОИ АСОСӢ
- Лоиҳабарқарорсозӣ ва навсозии се шабакаи оби нӯшокӣ дар деҳотро ба анҷом расонд, аз ҷумла дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон; деҳаи Сумчаки ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ. Дар натиҷа беш аз 16 ҳазор нафар одамон ба оби нушокӣ дастрасии доимӣ пайдо намуданд. Интизор меравад, ки таҷдиди шабакаи обтаъминкунии деҳаи Сарикуйии шаҳри Конибодом то охири моҳи апрели соли 2023 ба итмом расида 7000 нафар сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.
- Лоиҳа бори аввал ду намунаи шарикии давлат ва бахши хусусии худро барои идора кардани ду шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот таъсис дод. Аз ҷумла, ба он як ширкати хусусӣ ва як ташкилоти ҷамъиятӣ дохил буда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо барои истифода ва нигоҳдории шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ созишнома ба имзо расид. Ин иқдом чун марҳилаи муҳиме баҳри ҳамкориҳои бахши давлативу хусусӣ метавонанд модели муваффақ дар пешниҳоди хизматрасониҳои асосӣ дар кишвар бошад.
- Лоиҳа барои ба тартиб даровардани рушди ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ барои шабакаҳои хурди таъмини оби нӯшокӣ, бахусус бо истифода аз таҷдиди Қонуни ҶТ дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои пешниҳоди равандҳои соддатар саҳм гузоштааст.
- Лоиҳа баҳри беҳтар намудани муколама ва масъулияти ҳам ташкилотҳои хидматрасон ва ҳам истеъмолкунандагон ҳашт Шӯрои машваратии истеъмолкунандагонро таъсис дод. Инчунин, дар доираи иқдоми мазкур ба кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои хидматрасонӣ оид ба механизмҳои идоракунии оқилонаи оби нӯшокӣ, нишондиҳандаҳои самаранокии хизматрасонӣ ва мониторинги хизматрасонии оби нӯшокӣ омӯзишҳо доир гардиданд.