Language

Варақаи матбуотӣ

19-09-2024

Эъломия Матбуотӣ

Ҷамоати шаҳраки Палос, вилояти Суғд, 19 сентябри соли 2024 – Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман шабакаи таъмини оби нӯшокии барқароргардидаро дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон расман ба истифода дод. Лоиҳаи мазкур як қисми фаъолияти лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот буда, ҳадафи он таъмини оби нӯшокӣ ба ҷамоатҳое, ки дар саросари кишвар ба оби нӯшокӣ дастрасии кофӣ надоранд, иборат мебошад.

Қаблан, танҳо 50% аз 4500 сокини ҷамоати шаҳраки Палос ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доштанд.  Тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ) байни ҳукумати маҳаллӣ ва оператори хусусии ҶДММ «Макони озод», ки аз ҷониби ташкилоти USAID дастгирӣ ёфтааст, шабака пурра барқарор карда шуд. Ҳоло он ба тамоми аҳолии ҷамоати шаҳрак, ки аз 4500 нафар аҳолӣ иборат мебошад, хизмат мерасонад.

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Риордан қайд намуданд: “иқдоми мазкур шаҳодати он аст, ки ба кадом дастовард метавон ноил шуд вақте мо ҷанбаҳои пурқуввати ҳам бахши давлатӣ ва ҳам хусусиро барои як мақсади муштарак муттаҳид мекунем”.

Илова бар ин, USAID бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи Қонуни нави шарикиҳои давлат ва бахши хусусӣ, ки татбиқи лоиҳаҳои хурди шарикиҳои давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои марбут ба хадамоти обро осонтар мекунад, ҳамкорӣ мекунад.

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.


USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар торнамои USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ – ро мутолиа намоед.

Image
USAID Supports Private Investments for Safe Drinking Water in Tajikistan
Share This Page