Language

Варақаи матбуотӣ

14-04-2023

Эъломия Матбуотӣ

Душанбе, Тоҷикистон, 14 апрели соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пойгоҳи обкашии барқароршудаи шабакаи оби ошомиданиро дар деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуд, ки он беш аз 6700 нафарро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд. Ин яке аз 12 иншооти таъмини оби ошомиданӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби ошомиданӣ барои баланд бардоштани дастрасии одилонаи мардуми деҳот, ки аз норасоии оби нӯшокӣ пурра ё қисман танқисӣ мекашанд, барқарор намуд.

Бо мақсади таъмин намудани устувории шабакаи мазкур, лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори оператори иншооти оби ноҳияи Рӯдакӣ дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои рушди шабакаи таъмини об, муаррифӣ намудани низоми пардохти электронӣ ва насби обченкунакҳо, мусоидат мекунад.

Cафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер дар маросими ифтитоҳи шабака қайд намуданд: «Ҳукумати Амрико бар ин назар аст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта бошад. USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии бештари аҳолиро ба оби ошомиданӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд намояд. Уҳдадориҳои USAID оид ба баланд бардоштани масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, шаъну шараф, адолат ва муҳити зист, аҳамияти бузург доранд.

Дар зарфи панҷ соли охир, тавассути ин лоиҳа ва дигар лоиҳаҳои USAID, 25 шабакаи таъмини оби ошомиданӣ дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид гардидаанд, ки беш аз 80 000 нафарро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамоянд.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

 

Image
USAID Increases Access to Safe Drinking Water in Tajikistan
Share This Page