МАЪЛУМОТИ ЗАМИНАВӢ
Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин ҳамсарҳад буда, шарики калидӣ дар пешбарии суботу амнияти минтақавӣ мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарики Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими идоракунии демократӣ, суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ, баҳтарсозии маориф, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ мебошад. Аз давраи истиқлолияти Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба таҳкими қобилиятҳои Тоҷикистон дар банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва татбиқи қарорҳои худ оид ба рушд таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Якҷоя бо намояндагии минтақавии USAID дар Осиёи Миёна дафтари USAID дар Тоҷикистон инчунин барои таҳкими робитаҳо байни халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна баҳри субот ва шукуфоии бештарии минтақавӣ фаъолият мекунад.
Тоҷикистон, ки ҳудуди хурд дошта, баромад ба баҳр надорад, бо мушкилоти зиёде дар соҳаи рушд дучор мешавад, аз ҷумла набудани амнияти озуқаворӣ, сатҳи баланди бемории сили ба дорувории зиёд мутобиқгашта ва сатҳи баланди бекорӣ. Таъсири номатлуб аз кишварҳои ҳамсоя иловатан ба рушди дарозмуддат ва устувории Тоҷикистон таҳдид мекунанд. USAID дар рафъи ин мушкилот тавассути беҳтарсозии амнияти озуқаворӣ ва ғизо, такмили натиҷаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ва таҳкими институтҳои демократии муҳим мусоидат мекунад. Бо мақсади пешбурди рушди иқтисодӣ ва робитаи минтақавӣ USAID ислоҳотро дар бахшҳои энергетика, савдо ва об ва ҳамзамон таҳкими робитаҳоро дар саросари минтақа дастгирӣ мекунад.
АФЗАЛИЯТҲО
АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗӢ
Камғизоӣ, набудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии маҳдуд ба бозорҳо ба сарчашмаҳои рӯзгузаронӣ таҳдид мекунанд ва рушди бардавоми Тоҷикистонро маҳдуд месозанд. Бо мақсади беҳтар кардани ғизо, баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани даромад USAID ҳазорон деҳқононро бо усулҳои маҳсулноки муосири кишоварзӣ, тухмӣ ва таҷҳизоти баландсифат таъмин менамояд, ки ба афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот ва маҳсулоти ширии даромаднок ва серғизо мусоидат мекунанд. Истеҳсолоти кишоварзӣ инчунин устувории иқтисодӣ ва сарчашмаҳои рӯзгузарониро дар дохили кишвар мустаҳкам месозад ва аз муҳоҷират ба минтақаҳое, ки дар он ҷо коргарон ба идеологияҳои ифротӣ осебпазир буда метавонанд, ҷилавгирӣ мекунад.
ТАНДУРУСТӢ ВА МАОРИФ
Ҳамагирии COVID-19 ба низоми тандурустии бе ин ҳам осебпазир таъсири манфӣ расонд. Тоҷикистон кишварест, ки дар он як аз нишондиҳандаҳои баландтарини паҳншавии бемории сил ва сили ба дорувории зиёд мутобиқгашта дар ҷаҳон ба назар мерасад, ки ба низоми тандурустии кишвар сарбории иловагӣ меорад ва маҳсулнокии иқтисодиро коҳиш медиҳад. Бо кӯмаки USAID Вазорати тандурустӣ реҷаҳои нави табобати бемории сили ба дорувории зиёд мутобиқгаштаро дар 60 фоизи ноҳияҳои кишвар ҷорӣ карда, мӯҳлати табобатро аз 24 моҳ то ба ҳамагӣ нӯҳ моҳ коҳиш медиҳад ва саломатиро бо дорувории нав беҳтар месозад. Якҷоя бо саъю кӯшиши мо барои беҳтар кардани таҳсилоти ибтидоӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва натиҷаҳои таълим, USAID дар ташаккули қувваи кории солим ва тавонои оянда саҳм мегузорад. Масалан, USAID таҳсилоти ибтидоиро тавассути пешниҳоди маводи хониши мувофиқ ба синну сол бо забонҳои маҳаллӣ ва мусоидат ба омӯзиши омӯзгорон беҳтар мекунад.
ДЕМОКРАТИЯ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Савдои одамон ва маҳдуд будани озодии матбуот ба рушди демократӣ ва устувории Тоҷикистон халал мерасонад. Бо мақсади таҳкими идоракунии демократӣ ва беҳтар кардани некӯаҳволии шаҳрвандон, USAID барои баланд бардоштани ҳисоботдиҳии ҳукумат дар назди шаҳрвандон ва беҳтар кардани назорат аз болои пешниҳоди хизматрасониҳои асосӣ корбарӣ карда истодааст.
Масалан, USAID ба муҳоҷирон маълумотро дар бораи ҳуқуқҳои онҳо пешниҳод мекунад, дастрасиро ба оби тозаи ошомиданӣ тавассути таҳкими ассотсиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об баланд мебардорад ва барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақили ахбори омма имкониятҳои омӯзиш ва ташаккули робитаҳои шабакавиро фароҳам месозад.