Language

For Immediate Release

Press Release

Душанбе, Тоҷикистон, 11-уми майи соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави панҷсола бо номи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD) дар ҳаҷми 19 миллион долларро оғоз кард.  Лоиҳаи нав рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин карда, ба сокинони деҳот дар саросари кишвар имкониятҳои фарогири иқтисодӣ фароҳам меорад.

Лоиҳаи MDRD деҳқонон ва соҳибкорони самти кишоварзиро дар тамоми занҷираи арзиши иловагӣ ба ҳам меорад, ҳамкориҳои наздик ва муфид миёни онҳоро тарғиб мекунад ва бо ин роҳ ба тақвияти рақобатпазирӣ ва устувории соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳм мегузорад. Лоиҳа занҷираҳои арзиши иловагии меваҳои донадор, сабзиҷот, зироатҳои махсус ва маҳсулоти шириро тавоно месозад ва бо ин ҳадаф иқтидори ширкатҳои вориди ин тиҷоратҳоро тақвият дода, ба ин самт сармоя ҷалб мекунад.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи лоиҳа гуфт: “Лоиҳа ба ҳадафҳои барномаи нави Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди устувори низомҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошад ва ҷиҳати табдили асоси иқтисодии Тоҷикистон аз кишоварзӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ саҳм мегузорад.”  Лоиҳаи MDRD дар иҷрои фаъолиятҳои худ тавсеаи имкониятҳои даромад барои деҳқонон, ҷавонон ва занон дар соҳаи кишоварзӣ машғул буда, пешгирӣ аз хатарҳои муҳитзистиро низ авлавият медиҳад.

Силвия Ҷ. Мегрет, Президент ва Мудири кулли ACDI/VOCA изҳор кард: “Мо дар ҳамроҳӣ ҷонибҳои гуногуни манфиатдорро ҷамъ меорем, то талошҳои рушдро муттаҳид созем.  Мо манбаъҳои техникӣ ва ҳузурамон дар минтақаҳоро истифода мебарем, то ба ҳадафҳои таъинкардаи шарикон ва донорҳоямон расем.  Лоиҳаи нави мо дар Тоҷикистон роҳҳалҳои бозорбунёди маҳаллиро пешниҳод мекунад, то ба натиҷаҳои мудавом барои шукуфоии иқтисодӣ ва фарогирии иҷтимоӣ ноил гардад.”

# # #

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад.  Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи сафорати Амрико дар Душанбе https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/Facebook дидан намоед.

 

Image
Share This Page