Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
25 майи соли 2023, шаҳри Бохтар, Тоҷикистон – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) форуми содиротии “Бохтар фуд – 2023”-ро дар шаҳри Бохтар сарпарастӣ намуд, ки дар он зиёда аз 300 иштирокчӣ аз манотиқи мухталиф ва дигар кишварҳо ҷамъ шуданд. Чорабинии мазкур, ки дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, ба тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он мусоидат менамояд.
Имсол истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бо харидорон аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Олмон ва дигар кишварҳо барои мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон робита барқарор карданд. Барои бартараф намудани монеаҳо барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар “майдони муколама”-и B2G мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ дар форуми содиротӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер қайд намуд: «Соли сеюм аст, ки «Бохтар Фуд» ҳамчун маркази эҷод ва таҳкими робитаҳои бозорӣ, инчунин як платформаи муколама байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ хизмат мекунад. Ин силсила форумҳо аллакай ба деҳқонону тоҷирони Тоҷикистон фоидаи зиёд овардааст. Тайи ду соли охир “Бохтар Фуд” барои имзои қарордодҳо ба истеҳсолкунандагони меваю сабзавоти тоҷик ба маблағи якчанд миллион доллар мусоидат кардааст, ки барои ба хориҷа содир намудани маҳсулоташон имконият фароҳам овардааст».
Соҳаи кишоварзӣ калонтарин бахши иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади рушди тиҷорати кишоварзӣ USAID ба иттиҳодияҳои кишоварзӣ, кооперативҳо, интеграторҳои бозор ва ҳамчунин корхонаҳои хурду миёна, мувофиқ ба дархости онҳо, барои истифодаи пурраи имкониятҳои бозори дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯмак мерасонад.
USAID аз соли 2018 форумҳои тиҷоратиро, ки дар Хатлон баргузор мешавад, дастгирӣ мекунад ва дар ташкили тиҷорати нав барои деҳқонон мусоидат мекунад. Дар форуми “Бохтар фуд – 2022” истеҳсолкунандагони меваю сабзавоти тоҷик, барои содироти меваи хушк, ангур ва пиёз ба харидорон аз Қазоқистон, Узбакистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ба маблағи беш аз 6 миллион доллар қарордодҳо имзо карданд.
###
USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон буда, ба талошҳо барои ноил шудани натиҷаҳо дар соҳаи рушд суръат мебахшад. Барои дарёфт намудани маълумоти муффасал ба сомонаи USAID-Осиёи Марказӣ: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook:https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ ташриф оред.