Language

For Immediate Release

Press Release

ДушанбеТоҷикистон, 12 марти соли 2024 – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ), барои кӯмак ба оилаҳои осебпазире, ки ба афзоиши ноамнии ғизо дар Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд, 7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Ин маблағгузории саховатмандона ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ имкон медиҳад, ки аҳолии осебпазирро дар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти озуқаворӣ ва тавонмандии ҳукумат барои рафъи оқибатҳои болоравии давомдори нархҳо дастгирӣ намояд. Давоми ду соли оянда, ин ташаббус ба тақрибан 15,000 оила, тавассути пешниҳоди пули нақд бар ивази кор барои бунёди дороиҳои истеҳсолӣ ва муҳофизатӣ, кӯмак хоҳад расонд. Ин дороиҳо устувории беш аз 24,000 оиларо беҳтар карда, дар маҷмӯъ 120,000 нафарро дастгирӣ менамояд.

«Мо ифтихор дорем, ки бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ҳамкорӣ мекунем. БОҶ СММ оилаҳои осебпазиреро, ки зери хатари амиқтари камбизоатӣ, дар натиҷаи боло рафтани нархи ғизо ва нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон, пайи ҳамлаи Россия ба Украина қарор доранд, дастгирӣ менамояд» – изҳор дошт сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер.

«Мо ба ҳукумати ИМА барои ӯҳдадорӣ дар мубориза бо ноамнии озуқаворӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем. Азбаски ҷомеаҳо зери таъсири буҳронҳои давомдори глобалӣ ва баландравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ боқӣ мемонанд, ин саҳм барои рафъи эҳтиёҷоти фаврии мардуми ба ғизо эҳтиётдошта тавассути пешниҳоди пули нақд, ҳамзамон беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва устувории дарозмуддати онҳо кӯмак хоҳад кард. Мо мустақиман бо хоҷагидорони деҳқонии хурд, махсусан онҳое, ки аз ҷониби занон ва ҷавонон роҳбарӣ карда мешаванд, кор мекунем, то ба онҳо имкон диҳем, воситаҳои таъмини рузгори худро нигоҳ доранд», қайд намуд Намоянда ва директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.

Мувофиқи маълумоти Намояндагии арзёбии ҳосили зироат ва амнияти озуқавории ФАО/ БОҶ дар соли 2023 (CFSAM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақрибан 1,56 миллион нафар бо норасоии шадиди ғизо рӯбарӯ шуданд, ки тақрибан 50,000 нафари онҳо ба таври ҷиддӣ аз ноамнии озуқаворӣ азият мекашанд. Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо соли гузашта беҳбудӣ ба назар мерасад, ки шумораи онҳо аз 20 то 16 дарсад коҳиш ёфт, ки аз аввали соли 2023 мӯътадилшавиро нишон медиҳад. БОҶ амнияти озуқаворӣ ва вазъи бозорро дар сатҳи оилаҳо бодиққат назорат мекунад ва маблағҳоро барои дастгирии оилаҳои аз ҷиҳати озуқаворӣ ноамн дар кишвар сафарбар мекунад.


USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор менамояд.

Моро дар Twitter @WFPAsiaPacific, @wfp_tajikistan пайгирӣ кунед

Image
Share This Page