Language

Варақаи матбуотӣ

12-04-2024

Эъломия Матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон, 12 апрели соли 2024 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шабакаи нави таъмини оби нӯшокиро дар деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуд. Шабакаи нав беш аз 3 000 нафар (455 хонавода)-ро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд. Ин яке аз 12 шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки аз ҷониби USAID тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҷдид ва дастгирӣ гардида, нигоҳдорӣ ва устувории он таъмин мегардад.

Бо мақсади таъмин намудани устувории шабакаи мазкур, USAID барои баланд бардоштани иқтидори оператори иншооти мазкур дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои рушди шабакаи таъмини об, муаррифӣ намудани низоми пардохти электронӣ ва насби обченкунакҳо, мусоидат намуд.

Дар маросими ифтитоҳи шабака Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли қайд намуд: «Ҳукумати Амрико бар ин назар аст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ дошта бошад. USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии бештари аҳолиро ба оби нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд намояд. Уҳдадориҳои USAID оид ба баланд бардоштани масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, шаъну шараф, адолат ва муҳити зист, аҳамияти бузург доранд.”

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.  USAID дастрасии аҳолии кишварро ба оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

—-

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

 

Image
USAID Sustainably Increases Access to Safe Drinking Water in Tajikistan
Share This Page