Language

Варақаи матбуотӣ

20-06-2024

Эъломия Матбуотӣ

Ноҳияи Ёвон, Тоҷикистон, 13 июни соли 2024 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар деҳаи 1 Майи ноҳияи Ёвон марҳилаи аввали сохтмони шабакаи таъмини оби нӯшокиро ифтитоҳ кард. То оғози лоиҳа деҳаи 1 Май  шабакаи  муттамаркази оби нӯшокӣ  надошт. Аҳолии деҳа барои эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи худ аз оби борон ва оби каналҳои обёрикунӣ истифода мебурд. Онҳо инчунин барои истеъмолу истифодаи рӯзғор аз оби интиқолӣ истифода мебурданд. Нархи оби интиқолӣ барои як мошин 250-300 сомонӣ ё худ 25 доллари амрикоиро  ташкил медод, ки ин нарх барои бисёре аз хонаводаҳо гарон буд. Ҳамакнун 3575 нафар сокин, инчунин як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаи тиббӣ дар натиҷаи сохтмони шабакаи нав ба оби тоза дастрасии доимӣ пайдо мекунанд. Ин яке аз 12 шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки аз ҷониби USAID тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҷдид ва дастгирӣ гардида, нигоҳдорӣ ва устувории он таъмин мегардад.

Бо мақсади таъмин намудани устувории шабакаи мазкур, USAID барои баланд бардоштани иқтидори оператори деҳаи 1 Май дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои рушди шабакаи таъмини об, муаррифӣ намудани низоми пардохти электронӣ ва насби обченкунакҳо, мусоидат намуд.

Дар маросими ифтитоҳ хонум Нэнси Эслик - Ҳамоҳангсози ҷаҳонии USAID оид ба масъалаҳои об  қайд намуданд: «Мо беҳбудии назаррасро дар ҳаёти сокинон  таҷлил мекунем, зеро сокинони деҳаи 1 Май бори аввал ба шабакаи таъмини оби нӯшокӣ  пайваст шуданд. Мо аз ин дастгирӣ ифтихор мекунем ва ба муносибати муштарак дар идоракунии захираҳои об эътимод дорем. Мо операторони шабакаҳои таъминоти об, истеъмолкунандагон ва мақомоти маҳаллиро ҳамчун як системаи бо ҳам алоқаманд мебинем. Иштироки фаъоли ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо боиси таъмини устувор ва боэътимоди хидматрасонӣ мегардад.”

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.  USAID дастрасии аҳолии кишварро бо оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад. 



USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар торнамои USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ - ро мутолиа намоед.
 

Image
a group of people at a well
Share This Page