Language

Варақаи матбуотӣ

06-10-2023

Эъломия Матбуотӣ

Суғд, Тоҷикистон, 6 октябри соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шабакаи оби нӯшокиро дар деҳаи Сойчаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барқарор намуд. Шабакаи мазкур 3246 нафар сокинон, аз ҷумла як муассисаи тиббиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

USAID барои беҳтар кардани иқтидори идоракунии оби деҳа, дастгирии такмилдиҳии система кӯмаки техникӣ расонд. Инчунин USAID бо ҷомеа барои беҳтар дарк намудани манфиати интиқоли оби тозаи мустақим ба хонаҳояшон ҳамкорӣ менамояд. Дар маросими ифтитоҳи шабакаи оби тозаи ошомиданӣ Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли қайд намуд: «Мо боварии комил дорем, ки ҳар як шахс ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дорад. Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки шабакаи оби ошомидании  деҳаи Сойча ба беҳбудиҳои назаррас ноил гардид. Ман ба хонаводаҳои деҳа ташриф намудам ва дидам, ки мардум аллакай аз обченкунакҳо истифода мебаранд. Инчунин бо сокинон дар бораи дастрасии мунтазаму боэътимод доштан ба оби нӯшокӣ сӯҳбатҳо оростам”.

Ҳукумати ИМА дастрасии аҳолии кишварро ба оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар зарфи панҷ соли охир тавассути лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ва дигар лоиҳаҳои USAID, 25 шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид гардидаанд, ки беш аз 80 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

——–

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

 

Image
USAID Sustainably Increases Access to Clean Water in the Sughd Region
Share This Page