Language

Image
Image

Беназир аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон пас аз тарки касби омӯзгории фанни информатика барои тарбияи чаҳор фарзандаш дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини хонаводааш дар баробари мушкилоти иқтисодӣ буд. Аз сабаби надоштани дастрасӣ ба маводҳои ғизоӣ дар маҳаллаи онҳо, Беназир ва шавҳараш, ки он вақт ҳам бекор буд, қадами далерона пеш гирифта, дар соли 2020 як мағозаи хурди хӯрокворӣ боз карданд. Мағозаи мазкур на танҳо молхои заруриро барои мардуми ин маҳалла таъмин мекард, балки як даромади муътадил барои аҳли оилаи Беназир буд.

«Барои пайдо кардани шуғл дар ин шаҳри дурдасти Хоруғ шароити на чандон зиёд, вуҷуд дорад, аз ин рӯ мардум маъмулан дар ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд. Мо мехостем, ки дар ватани худ ҳам соҳиби кор шавем ва ҳам рушд ёбем».

Пас аз кушодани як дӯкони хурди хӯрокворӣ, бо рӯҳияи соҳибкории навпайдокардаи худ, Беназир дар бораи барномаи YES шунид ва ҳуҷҷатҳоро барои дохил шудан супорид.

Learn More:

USAID ва Фонди Оғохон ҷавонони Осиёи Марказиро дастгирӣ менамоянд

Body
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҷавонон, дастгирии соҳибкорони навқалам ва пешбурди фарҳанги соҳибкорӣ, лоиҳаи “Таъсири маҳаллӣ”, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон (AKF) маблағгузорӣ мешавад, Барномаи пилотии “Соҳибкории ҷавонон ва малакаҳои шуғл"-ро дар соли 2021 дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳия ва роҳандозӣ кард. Баъди бомуваффақият анҷом додани барномаи пилотӣ, барнома дар соли 2022 аз нав оғоз ёфт.

Image